Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

АдабиётҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

уламои ҷинҳо бар онҳо нишаста буданд. Дар пешгоҳ тахти пурзебу зинате монда шуда, дар он малик Содиқ ба сар тоҷ гузошта такя зада буд.

Ман пеш рафтам ва аз тариқи ихлос дуо гуфтам.

Малик Содиқ меҳрубонӣ карда ба нишастан амр кард. Барои ман шарбат ва таом оварданд. Баъди хӯрок малик Содиқ Муборакро пеш талабида, аз чигунагии авзои ман пурсид. Муборак саргузашти маро гуфта дод.

— Чаро шаҳзода ба дидани ман намеояд? — гуфта пурсид малик Содиқ.

Муборак гуфт:

— Давлат бодавом бод! Чун ҷоҳил буд ва худро қобили хизмат намедонист, бинобар он ба мусаддеҳ1 авқоти фархундасоти бандагони малик намегардид. Чун ба ҳадди балоғат расид ва филҷумла неку бадро фарқ карда метавонистагӣ шуд, ба хизмат шитофт. Ҳоло орзу дорад, ки монанди падари худ дар қатори чокарон ба ҳисоб равад ва ҳазрати малик назари отифат2 ва шафақат (аз ӯ) бознадорад; аз барои хотири падараш аз ҷумлаи бандагони боихлос шуморад ва инъоме, ки ба падараш муқаррар шуда буд, ба ӯ низ муқаррар шавад; яъне маймуни ҷилӯми забарҷадинро ба ӯ бахшад. Зеро ки ӯ ҳоло қорафтода, мазлум ва бекас аст. Амаки золим ба ӯ он қадар ситам раво медорад, ки (ҳатто) ба зиндагии ӯ розӣ нест, чӣ ҷои он аст, ки тоҷу тахтро ба ӯ диҳад.

Малик Содиқ баъд аз андак тафаккур гуфт:

— Муборак! Мо дар бораи ӯ кӯтоҳӣ намекунем. Чӣ ёрӣ ва мададгорие, ки лозим бошад, ба ҷо меорем. Аммо ноозмударо натвон сарварӣ дод... Ту нагӯй, ки вай подшоҳзода аст. Зеро ҳар як фарди инсон чӣ тавре ки гуногунранг ва гуногуншакланд, ҳамон тавр ҳам гуногунтабъ ва гуногунсират мебошанд. Дар ин шакке нест!.. Ба ғайр аз ин нобурда ранҷ ганҷ муяссар намешавад.

Ҷон бародар! Мо ба падари ин писар беҳуда шафқат накарда будем. Ӯ борҳо ҳаққи хизмати шоиста бар мо собит

1 Мусаддеҳ — дарди сар расонанда. Мусаддеҳ авқоти касе — ба беҳуда, бо дарди сарҳо барфиёд зоеъкунандаи вақтҳои кас.
2 Отифат — меҳрубонӣ, марҳамат, шафқат.

пешина
аз 191
навбатӣ