Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
карда буд... Аммо чун ҳаққи ӯ бар гардани мо мондааст ва имрӯз фарзанди ӯ ба назди мо омадааст ва илова бар он ӯ ситам дидааст, мо ба як имтиҳон ҳар чӣ хоҳад ба ӯ бо зиёда меҳрубонӣ мекунем (медиҳем). Лекин шарт ҳамин ки ҳар чӣ фармоем, ба ҳаққи мо хиёнат накунад ва ба ростӣ ва дурустӣ ба итмом расонад.
Ман аз ин сухан хушдил шудам ва надонистам, ки бало ба сарам хоҳад омад.
Чун аз маҷлис берун шудем, барои мо меҳмондорие муайян карданд, ки вай маро хеле эҳтиром мекард. Шаби дигар чун ба маҷлис рафтем, Муборак илтимос кард, ки хизматро бигӯяд. Малик Содиқ гуфт:
— Муборак! Ман гумон мекунам, ки ӯ хизматро бехиёнат ба анҷом намерасонад.
Муборак гуфт:
— Ин тавр нест. Агар малик шафқат карда хизматеро, ки лоиқ донанд, ба ӯ фармоянд, мувофиқи дилҳоҳ ба итмом мерасонад.
Малик «худаш бигӯяд» гуфт ва ба ман нигоҳ карда, шарти бехиёнатиро ба миён монд. Ман ангушти қабул бар дида гузоштам.
Ӯ гуфт:
— Э писар! Ҳанӯз ҷоҳил ҳастӣ, бо худ андеша кун, мабодо, ки дар охир ба балое афтӣ, ки ба ҳеҷ ваҷҳ халос шуда натавонӣ ва дардат бедармон шавад.
Гуфтам:
— Агар шафқати малик бошад, ҳар чӣ ки фармоед, ба ҷон мекушам...
Гуфт:
— Фардо ҳам фикр карда бин! Шаби оянда мегӯям.
Шаби дигар вақте ки мо ҳозир шудем, малик фармуд, ки хазинадорро чег зананд. Хазинадор ҳозир шуд. Малик ба ӯ гуфт, ки фалон сандуқчаро ҳозир кун! Ганҷур (хазинадор) он сандуқчаро зуд ҳозир кард. Малик сандуқчаро кушода аз он ҷо тӯмори қоғазе баровард, маро пеш талабида ба дасти ман супурд ва гуфт:
— Он чӣ ки дар ин қоғаз нақш ёфтааст, монандашро аз ҷинси одамӣ мехоҳам. Ту бояд чашму дасту дили худро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё