Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Нигоҳ дошта, ба роҳи хиёнат ва норостӣ напӯӣ (наравӣ) ва ин сирро ба ҳеҷ кас нагӯй ва он духтарро пеши ман оварӣ ва бидон, ки баъд аз итмоми ин хизмат ба шарти мазкур, чашмдошти туро бо зиёда ба ту медиҳам. Вагарна ҳар чӣ бинӣ, аз худбинӣ!

Ман тӯморро кушодам, чизеро дидам, ки кош ҳаргиз намедидам...

Шаҳрёро! Дар васфи он парипайкар, ки забон аз таърифи ҳусн ва зебоии он қосир аст, чӣ гӯям?

Қай тавонам сифати зеби ҷамолаш кардан,
З-он ки рашк оянам аз ғайри хаёлаш кардан!
Сурате дидаму бегона шудам аз дилу дин,
Ишқро сурати дигар набувад беҳтар аз ин!

Боре дар он вақт нигоҳдории худ кардам, ки мабодо малик ва ёронаш аз ишқи ман хабардор шаванд. Баъд аз он ки аз назди ӯ баромадам, ба Муборак гуфтам, ки:
— Соҳиби ин суратро чӣ тавр пайдо кунам? Чаро малик Содиқ маро ба ҷустани ӯ мефармояд? Охир ҷинҳо худашон ба ҳама ҷо рафта метавонанд, онҳо ба ҳар кор қудрат ва ба ҳама чиз дастрасӣ доранд. Маро ба хотир чунин мерасад, ки ин суратмонанд ёфт намешавад. Чунон ки машҳур аст зоҳиран малик маро ба «наҳӯди сиёҳ мефиристад»1.

Муборак гуфт:
— Хаёли ғалат кардай. Малик Содиқ ғаддор2 нест. Агар ҳамчунин бошад, матлабаш имтиҳонест, ки мехоҳад бидонад, ту дар корҳо таҳаммуле ва тааммуле дорӣ ё не... Ба ҳар ҳол мо бояд чанд вақт ҷаҳонгардӣ кунем, шояд ба мақсад ҳам расем...

Аз он ҷо ки ғайрати ишқ аст, рози худро ба Муборак ҳам нагуфтам. Бо маслиҳати вай ду дарозгӯш3 ва асбоби сафар ихтиёр кардем... Шаҳр ба шаҳр, қишлоқ ба қишлоқ мегаштем ва ба ҳар элу улус ва қабилаҳо, ки мерасидем, талабгори он дурри шоҳвор мешудем...

Ҳафт сол доим саргардон, ҳайрон ва парешон, дар дашту

___________________________ 1 Ба наҳӯди сиёҳ фиристодан — киноя аз фиристодан ба кори намешудагӣ.
2 Ғаддор — хиёнаткунанда.
3 Дарозгӯш — маркаб.

пешина
аз 191
навбатӣ