Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

АфсонаАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Биёбон ва ободониҳо гашта, охир ҷазm кардам, ки он суратро монанд нест, малик Содиқ маро паси сар кардааст. Муборак ҳам ба ҳамин қарор омад, ки баъд аз ин ба ҳар шаҳре, ки расем, дар он ҷо сокин шуда, тарқи ҳарзагардӣ ва биёбоннавардӣ кунем. Зиндагиро ғанимат дониста, боқимондаи умрро ба фароғат гузаронем. Баъд аз чанд рӯз, дар ақсои Мағриб (дар Мағриби дур) ба шаҳре расидем. Чун бар дари шаҳр расидем, ду одамро дидем, ки нишаста Қуръон мехонанд. Инчунин дар болои қалъа, дар сари ҳар бурҷ халоиқ ба дуохонӣ ва тиловати Қуръон машғул буданд. Он аҳволро дида ман ҳайрон шудам. Чун ба шаҳр даромадам, дар ҳама ҷо касро машғули дуохонӣ дидам ва аз ҳар хона овози қироат шунида мешуд. Дар баробари ҳамин аз он шаҳр бӯи хуррамӣ ба машоми ҷонам расид...

Боре дар корвонсарой фуромадем. Он рӯзу он шаб осудем, рӯзи дигар, аввали пагоҳ ба ҳаммом рафта, худро аз гарди сафар тоза кардем. Баъд аз он ба сайру гашти шаҳр баромадем. Дар сари бозор марди пиреро дидем, ки чашмаш кӯр, шикастаасое дар даст (мисли обфурӯшон) кӯзаи оберо бардошта лангон-лангон мерафт. Аз афту башарааш маълум буд, ки одами дуруст буда, вале бо чӣ бадбахтие ба ин ҳол афтодааст. Ман ба наздики ӯ рафтам ва дами обе гирифта нӯшидам. Раҳмам ба ҳоли ӯ омада, аз киса як ашрафӣ бароварда ба ӯ додам. Вай гумон кард, ки нимпулӣ аст ва гуфт:
— Э ҷавон! Худо туро бой кунад, ки ба ин фақири худ нимпуле додӣ.

Гуфтам:
— Э падар! Ин динори тилло аст, дониста бош!
Чун ин суханро шунид, оҳе аз дил кашид ва гуфт:
— Э ҷавон! Илоҳӣ қорат ба муддаои дилат шавад.

Пирамард рафт. Ман бо Муборак аз он ҷо ба сайри маҳаллаҳо рафтем. Иттифоқо дар аснои роҳ, дар миёни хиёбон бар дари хонаи олие расидем. Агарчӣ аз тақозои давр (замон) вайрон шуда, афтода буд, аммо аз асос ва заминаи бинои он маълум буд, ки хонаи яке аз бузургон будааст. Ҳоло бинои иморати он барбод, вале нишони курсӣ барҷо монда, аз ҳар тараф деворҳо афтода ва боғчаҳои он хароб гаштааст. Баъд аз сайри рӯи ҳавлии он, ба тамошои кӯҳнаиморате, ки дар миёни

пешина
аз 191
навбатӣ