Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Он ҳавлӣ буд, рафтам ва ба он хонаву ҷо нигоҳ карда ҳайрон будам. Чӣ буд, ки аз он иморати кӯҳна бӯи истироҳат ва роҳат ба машоми ҷони мани нотавон расид. Бо худ гуфтам, ки: «Кошки, он ганҷи шойгон¹ дар ин вайрона пайдо шавад!». Ман дар ин хаёл будам, ки он пирмарди кӯр — ҳамон пире, ки ман ба ӯ як динор дода будам, асозанон ба он макон даромад ва ба зеризамине, ки (таҳхонае ки) дар он иморат буд, дохил шуд. Ман ба он ҷо гӯш додам. Овози касе баромад, ки ба он мард гуфт:
— Э падар! Хайр бод, ки имрӯз ба зудӣ баргаштӣ?
Пир гуфт:
— Фарзанд, имрӯз ҷавоне ба ман меҳрубонӣ намуда, як тилло дод. Шояд вай ғариб ва соҳиби умед буд. Аз он пул камтар таом гирифтам. Зеро муддате шуд, ки орзуи таоми бомаза доштам. Инчунин карбосе гирифтам, ки ту аз он барои худ куртае дӯзӣ. Агарчи надонистам он ҷавон чӣ ҳоҷат дошт, аммо дар дунё ҳеҷ кас бе ҳоҷат намешавад. Ман барои ӯ дуо кардам, мехоҳам, ки ту ҳам дуо кунӣ!
Аз шунидани ин суханҳо хеле раҳмам омад ва донистам, ки бечорагии онҳо ба камол аст. Бинобар он пеш рафтам, ки ӯро чег занам ва ба ӯ муште тангаву тилло бидиҳам. Чун ба дарун нигоҳ кардам, дар он ҷо монандӣ ҳамон суратеро, ки дар тумор доштам, дидам. Чунон ки дар тасвир буд, ӯ нишаста ва мӯҳои анбарини диловезаш ба атрофаш парешон аст.
Чун баъд аз ҳафт соли он ҳама машаққати бепоён ва биёбоннавардӣ, дарбадаргардӣ назарам ба он гавҳари мақсад афтод, наҳра зада бехуд шудам. Муборак ин ҳолро дида ба сӯям давид ва ба ҳар роҳ, ки буд, маро ба ҳоли худ оварда, пурсид, ки:
— Ба ту чӣ шуд?
Ман ҷавоб надода ба ҷониби мақсад нигоҳ кардам. Он нозанин фарёд кард, ки:
— Э ҷавон, шарм дор ва назар аз номаҳрам дур кун.
Баҳори гулистони хубӣ ҳаё аст, Адаб аз ҷавонон аҷаб хушнамо аст.
¹ Ганҷи шойгон — ганҷи бисёр, ганҷи шоҳона, ганҷи фаровоне, ки бе меҳнат ба даст даромада бошад, ганҷи лоиқ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё