Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ман чун фасоҳати баён ва латофати забони он қиблаи ҷаҳониён шунидам, ба тозагӣ вола ва шайдо гардидам. Муборак чун маро ҳайрон ва парешон дид, он симбарро низ ба назар санҷид, ба хотираш расид, ки аз расидан ба сарҳадди мақсад ғаш кардаам ва аз ҳоли даруниам хабар надошт...

Дар ҷавоби он париваш гуфтам:
— Эй сокинони ин макон! Марди ғариб, саргашта, фалакзада ва аз ватан оворагаштаам. Илтимос дорам, ки фурсате маро ба назди худ роҳ диҳед.

Он пирамарди доно овози маро шинохт ва ба қувваи сомиа донист, ки ман кистам. Вай асо дар даст берун баромад. Ман пеш давидам, дасташро бӯсидам. Ӯ низ маро падарона дарбар кашид ва ба меҳрубонӣ аз ҳолу аҳволам пурсид:

Гуфтам:
— Эй падари азиз!
Ман кистам? Фалакзадаи хонумонхароб,
Саҳронаварду бодияпаймой чун сароб;
Дур аз диёру ёр, ба ғурбатфитодае,
Маст аз маи муҳаббати ҷонона бе шароб.

Он мард маро даруни хона бурд. Он сарви озод ба кунҷе хазид, овози моро мешунид, худи моро медид. Он марди аҳли дард аз аҳволи ман пурсон шуд. Ман ба ҳукми он ки «Дурӯғи маслиҳатомез беҳ аз рости фитнаангез» (аст), ҳикояи малик Содиқро баён накардам ва гуфтам:

— ... Эй падар! Банда шоҳзодаи мулки Чинам. Барои дурри садафи ту мулки Чинро гузоштаам. Сурати ӯро чанд гоҳ пеш аз ин аз дасти як савдогар харидам ва тарки падару модар, хешу табор карда, тоҷу тахтро партофта, ба ҷустуҷӯи ӯ ба ҳар гӯшаю канор гардидам. Инак, ҳоло ба мақсад расидем, дигар ихтиёр дар дасти туст.

Он мард оҳи сард аз дили пурдард бароварда, гуфт:
— Эй ҷавон! Духтари маро балое дар пай аст, ки касе маҷол надорад, ки дасти ҳавас ба оғӯши он кунад. Меваи боғи маро офате ҳаст, ки ҳеҷ кас ҳосили онро ба муроди дил чида наметавонад. Ин ганҷи боморест, ки дасти касе ба он расида наметавонад.

Гуфтам:

пешина
аз 191
навбатӣ