Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Вешонаро, ки доштам, бардошта ба хонаи навхаридамон рафтем. Нозанин ҳавлиро дида, тамоми хонаҳои онро сайр карда баромад ва ба ӯ маъқул шуд. Баъд палосеро, ки доштам, ба як хона паҳн кард ва гуфт:
— Акнун ба ман ҳам либос лозим аст. Аз ин фалокат ба ҷон расидам.

Ман аз ин сухан хурсанд шуда, бо завқ ба сӯи бозор давиданӣ шудам. Вале ӯ табассум намуда, гуфт:
— Ҳеҷ медонӣ, ки либоси тайёр ва муносиби мо дар куҷост?

Ман боз гашта ба фармони ӯ мунтазир шудам.
— Дар майдони сарои шоҳӣ як дӯкони калони либосфурӯшӣ ҳаст. Дар он ҷо ҷавоне ҳаст либосҳои шоҳона мефурӯшад, дар вай доимо либосҳои муносиб ёфт мешавад.
Агар он ҷо равӣ, гумон дорам, ки ҳар чӣ хоҳӣ, ёфта метавонӣ.

Баъд аз ин гап хурсанд ва шодон ба сӯи Қайсария равон шудам. Чун ба он ҷо расидам, дар миёни раста дӯконеро дидам, ба сақфу девори он тилло ва лоҷувард ба кор бурда буданд. Дар он дӯкон ҳар хел матоъ ва либосҳои заррин, атлас ва кимхоб дарё-дарё бар сарихам рехта буд. Соҳиби он дӯкон ҷавони бистудусола, бо рӯи чун офтоб нишаста, ғуломони зарринкамар дар хиҙматаш камар баста истода буданд.

Ман пеш рафта салом додам, ҷавон чунон бо латофат ва назокат ҷавоб гардонид, ки наздик буд об шавам, ба атроф нигоҳ карда дар пои дӯкон сандалии оростае дидам, бар болои он нишастам ва аз ҳайрат дам фурӯ бастам. Он ҷавон аз рӯи лутф ва меҳрубонӣ ва меҳмонпарварӣ ба сухан даромада бо ман ба навъе сухан мекард, ки гӯё пеш аз ин мо бо ҳам ёру ошно бошем.

Ҷавон баъд аз хушгӯӣ ва дилҷӯӣ, гуфт:
— Агар хизмате бошад, фармоед.
Гуфтам:
— Бале, сарпӯшидае дорам, бароиш либосе мехоҳам.

Ҷавон дарҳол ишорае кард. Ғуломони ҳушёр ва чобук давида букчаҳои бисёре пеш кашида боз карданд, ба ман аз ҳар
ҷинс матоъ ва либосҳои хуб ва аълоро нишон доданд. Ман аз
онҳо ҳар кадомро, ки ба назарам беҳтар ва хубтар намуд,

пешина
аз 191
навбатӣ