Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
АдабиётҚиссаАфсона
Аз аввал хондан- Он кадом аст?
Он мард гирист ва гуфт: - Эй ҷавон! Ман калонтар ва бузургтари ин шаҳр мебошам. Бобо ва аҷдоди ман ҳама ашроф ва бузургон будаанд. Чун баъд аз орзуи бисёр ин фарзанд шуд, ӯро доягон ба шири ҷон парварданд. Вай ба сарҳадди балоғат расид ва дар ҳусну ҷамол ва истеъдоду камол саромади хубон ва ягонаи даврон гардид, ба ҳадде ки дар ин ҷаҳон афсона шуд, ҳар ки бишунид, аз ишқи ӯ девона шуд. Подшоҳи шаҳр, ки бо ман пайваста дар шафқат ва эҳсон буд, торафт қадр ва мартабаи маро меафзуд. Вай писари ягонаи зебо дошт, ки ба ҳадди булуғ расида, чашми бинанда монандаш надида буд... Ӯ низ ғоибона саргарми савдои духтари ман буд. Падараш чун аз дарди дилаш хабар ёфт, ба тайёрии домодиаш шитофт. Маро ба хилват талабида, он хушхабариро дод. Ман аз он хабар хушҳол шуда, ба тайёрии тӯй сар кардам. Баъд аз он ки аз ҳар ду тараф корҳо сохта шуд, соати саид ҷустанд, уламо ва фузало як ҷо нишастанд ва онҳоро ақд بستанд. Чун шаби зуфоф (домодбарӣ) расид, писар хост, ки дасти висол ба гардани духтар дарорад, вақте ки маҳрамон аз хона берун шуданд, овози нола ва гулгулаи зиёд аз хона баромадан гирифт. Онҳо ҳарчанд хостанд, ки дарро кушоянд ва ба хона даромада воқеаро фаҳманд, аммо муяссар нашуд. Баъд аз он ки фитна ва ошӯб баланд шуд, дарро шикаста, ба дарун даромаданд. Писарро диданд, ки аз ҳалқаш кашида (овехта) шуда ва духтар кафк бар лаб оварда мӯҳо баҳам печида, ба хоку хун ғӯтида бехуд афтодааст. Подшоҳ чун он ҳолатро шунид ва фарзанди худро кушта дид, духтари маро ба куштан фармуд. Боз ошӯб баланд гардид. Подшоҳ аз ҷони худ тарсида фармуд, ки ӯро аз хона берун кунанд. Дар ҳамон шаб ин хабар ба шаҳр афтод. Парасторон духтарро ба хона оварданд.
Азбаски қатли он писари зебо ба василаи ин духтар воқеъ шуд, подшоҳ ва раият ба ман ва духтарам душман шуданд. Баъд аз азодорӣ умаро ва хос, балки тамоми халқ ба куштани ману духтарам ва ғорат кардани молу амволи ман подшоҳро тарғиб карданд. Подшоҳ қӯрчиёни (силоҳдорони) ғазаби худро ба ин кор фиристод. Ҳамин ки онҳо ба наздикии ҳавлии мо расиданд, аз бому девор ба болои онҳо санг бори-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё