Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
дан гирифт. Дар айни замон ба хонаи ҳар як аз онҳо, ки подшоҳро ба ин кор ташвиқ карда буданд, сангбороне шуд, ки шарҳаш мушкил аст. Кор ба ҷое расид, ки аз мо даст кашиданд ва ба ҳоли худ (амон) гузоштанд. Инчунин шабе ба гӯши подшоҳ овозе расид, ки: «Мабоду ба куштани онҳо азм накунӣ, ки он чӣ писарат аз дӯстии онҳо дидааст, ту аз душмании онҳо хоҳӣ дид!». Подшоҳ аз ин воҳима бемор гардид. Вай муддате дар бистари беморӣ афтода буд. То он ки қасам ёд кард ва аз қатлу ғорат даргузашт. Аммо муқаррар фармуд, ки аз хона берун наоем. Мунаҷҷимон ва ҳакимон ба подшоҳ гуфтанд, ки ба ин шаҳр ҷинҳо ҳуҷум кардаанд; бемории подшоҳ ҳам аз онҳост. Инак, баъд аз маслиҳат ва савобдиди оқибатандешон муқаррар фармуданд, ки қориён шабу рӯз дар ҳама ҷо дуо хонанд, тиловат кунанд. Хусусан бар даври ҳисор (қалъа) бар дарвозаҳо нишаста хондан гиранд. Ба ҳамин дастур солҳо мегузарад. Ман намедонам, ки сабаби ин фитна чист. Ҳамин қадар медонам, ки як бор аз духтарам ба сад илтимос пурсидам, ки: «Ба ту ҳеҷ чиз маълум аст?». Вай гуфт, ки: «Шаби никоҳ, ки писар ба ман майл карданӣ шуд, ҳамин тавр ба ман намуд, ки сақфи хона шикофта шуд, аз он ҷо ҷамъе пайдо шуданд. Онҳо тахтеро ба замин гузоштанд, ки тамоми ҷавоҳиркорӣ буд. Дар болои тахт касе нишаста буд, ки нур аз рӯяш метофт. Ҳамроҳони вай андомҳои аҷиб доштанд. Аз ин чизҳо маро воҳима гирифт. Он ҷамоат қасди писар карданд, он мард қасди ман кард. Ман аз тарс гаш кардам. Дигар намедонам чӣ шуд. Ҳамин қадар дар ёдам ҳаст, ки пои онҳо монандӣ пои гӯсфандон буд...».
Э ҷавони ғариб! Баъд аз он мулку мол аз дастам рафт, дӯстонам канора гирифтанд, ходимон ва одамонам ҳар як ба тарафе гурехтанд. Ман дар кунҷи хонаи вайрон нишастам. Ҳамин ки касе дар пешам монд ва ба ҷое нарафт, ин духтарам буду бас. Мо ҳар ду ба ҳоли зори худ чандон гиристем, ки ҳар кас бар мо гузашт, бар ҳоли мо бигирист ва чашми ман аз биноӣ бозмонд. Бинои хона ва иморат хароб шуд ва вайрона гардид. Ман то тавонистам, нишастам. Ҳар чӣ захира доштам ба баҳои ҳеҷ ба мардум дода ноне гирифтам, ва бо духтарам сарф кардем. Ниҳоят ҳама чиз тамом шуд. Ман ба ин хастагӣ ва шикастагӣ бо асо берун рафтам ва ба он тариқ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё