Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

АфсонаАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Ки дидӣ касби рӯзӣ кардам. Мардуми шаҳр аз хавфи подшоҳ ба ман раҳм намекарданд. Баъзеҳо диламро ба сангӣ суханони сахт мешикастанд ва ба нохуни дурушт захми хотирамро мехарошиданд ва аз шӯрии забони таън намак мепошиданд.

Бале, агар гоҳе ғарибе ба ҳоли ман раҳм мекард, фулусе, ё дирҳаме ба ман медод. Ба ҳар ҳол хушкноне пайдо мекардем ва рӯз мегузаронидем. Алҳол муддате шуд, ки маро орзуи таоми балаззат буд. Духтарам ҳам урён монда буд. Муроди ҳардуи мо имрӯз бо ёрии ту ба амал омад. Дигар, фарзанд, агар аз ҷони ту наметарсидам, ба Худо, ки духтари худро ба канизии ту медодам. Аммо боиси рехтани хуни ҷавоне шудан хуб нест. Беҳтар, ки ту ҳам дидаву дониста балоро ба худ написанҷӣ ва аз ин водӣ даргузарӣ!..

Гуфтам:
— Э дӯст, қавли ту некӯст...

... Чун ба ман ёр ошно бошад, Гар балое расад, ато бошад!

Шаҳрёро! Ман ҳамин тавр зорӣ мекардам, он мард розӣ намешуд. То ин ки рӯз ба охир расид. Ба ноком ӯро дуо гуфта ба корвонсарой омадам. Муборак аз шодӣ ба пӯст намегунҷид. Ман пой аз сар намешинохтам. Аз як тараф орзуи шодии ҷонона; аз тарафи дигар фикри чӣ шудани охири кор. Бо худ хаёл мепухтам ва мегуфтам: «Э дил! Агар ин мард розӣ нашавад, чун кунам? Ва агар ӯ розӣ шавад, бо Муборак чӣ ҳила бозам, ки ӯ мехоҳад духтарро ба Малик Содиқ диҳад? Агар ӯро ҳам розӣ ва ё дафъ кунам, бо ҷинҳо чӣ кунам? Агар ҷинҳо даст ёбанд, балое бар сари ту хоҳанд овард ва висол наёфта, ҷон ҳам аз даст биравад. Агар дар ин шаҳр бимонам, шояд аз шарри ҷинҳо эмин монам... ё ягон душмане ба подшоҳ хабар расонад ва ман ба дасти мири ғазаб гирифтор шавам...».

Он шаб то рӯз гиря кардам. Рӯзи дигар ба бозор рафта, барои он парирӯ ва падараш либос, таому меваи бисёре гирифта равонаи мақсад шудам. Он мард баъд аз меҳрубонии бисёр гуфт:
— Э ҷавон, ҳам ба ту раҳмам меояд, ҳам аз ҷони ту метарсам. Ту ба гардани ман ҳаққи хизмат дорӣ. Агар ба ту аз рӯи

пешина
аз 191
навбатӣ