Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Дуруштӣ ҷавоб диҳам, дуруст намешавад. Зеро ки ғарибу дилсӯхтай. Агар омадани шумо ба пеши мо давом кунад, шояд фитнае бархезад...
Ман дасташро бӯсидам ва гуфтам:
— Гар сар биравад ба роҳи ҷонон,
Бодо чу манаш ҳазор қурбон!
Э падар! Дерест, ки дар ҳавои ин нигори офтобизор зарравор бо дили фигор ва ҷисми низор дар ҳар шаҳру диёр ба гӯшаву канор гардидаам. Алҳол, ки ба сарчашмаи висоли ӯ расидаам, аз доманаш даст раҳо намекунам...
То муддати як моҳ ҳама рӯз то шаб дар назди он мард будам ва ба зорӣ меафзудам, хостгории он дурри гаронбаҳо менамудам ва дар охир ба ӯ гуфтам.
— Умрро вафо нест. Ту худ пир ва оҷиз шудаӣ. Имрӯз ё фардо аз дунё мегузарӣ. Дар он ҳол духтарам ба дасти дигар кас меафтад. Шояд, нокасе бошад, баъд хуб намешавад. Ту он чи хайрхоҳӣ ва маслиҳатандешӣ, ки боист дар ҳаққи ман кардӣ ва маслиҳат додӣ, насиҳат кардӣ ва ман ба ҳама балос, ки дар васли дилдор расад, розӣ ҳастам. Ҳамон беҳтар, ки маро ба ғуломии худ гирӣ! Агар худат ҳам бо ман биёӣ, беҳтар аст.
Он мард чун ин сухан шунид, гуфт:
— Э ҷавон! Як имшаб ҳам бо худ фикре ва бо духтар маслиҳате кунам.
Аз ин мужда хушнуд шуда ба ҳуҷра баргаштам.
Ваъдаи васл чун шавад наздик, Оташи шавқ тезтар гардад.
Дар он шаб ман аз шодӣ ором нагирифтам. Рӯзи дигар ба назди он мард рафтам, ӯро ранҷур ёфтам. Бар сари болинаш нишастам, аз аҳволаш пурсидам.
Гуфт:
— Сухане, ки дирӯз туро бар забон омад, алҳол аён шуд. Зоҳиран аз умри ман чизе боқӣ намондааст. Боре духтари худро ба ту месупорам, ба шарти он ки ӯро аз ман дур насозӣ ва аз аҳволи ман бохабар бошӣ. Чун ман аз ин ҷаҳон чашм пӯшам, корсозии маро карда, баъд ихтиёр ба дасти туст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё