Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

АдабиётҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Шаҳрёро! Ин шартро ба ҷон миннат дошта қабул намудам. Ҳафтае он мард бемор буд, хизматашро ба дилу ҷон кардам. Чун вай аз дунё чашм пӯшид, Муборак духтарро ҷо-даре ба сар андохта ба ҳуҷраи ман овард. Ман ба корсозии мурда пардохтам. Баъд аз саранҷоми кор ба ҳуҷра рафтам ва хостам худро ба пои он санам андозам. Муборак бо забоне, ки он нигор намефаҳмид, гуфт:

  • Э фалонӣ, ба худ ой! Малик Содиқ он ҳама супориш дар ин бора мекард. Ин аз ҷумлаи хиёнат аст, ки туро ба хотир мерасад. Алҳол вақти мардӣ ва худдорӣ аст. Золим! Коре накунӣ, ки ҳамаи азоб ва озорҳои кашидаамон мабодо бекор ва табоҳ шавад...

Ман сар ба зер афканда, ба каноре рафтам, гавҳари ашкро бо нӯги мижа суфтам (гиристам) ва бо сӯзи дил гуфтам:

Э фалак, то ба кай ситамгорӣ?
Чанд бинанд некувон хорӣ?
То ба кай ҳамчу гард бе сару по Гардаму сар ниҳам ба роҳи ҳаво?
Э ситампеша, аз ҷафо бигзар!
Як раҳе аз вафо ба мо бингар!
Баъди умре, ки ёр пайдо шуд, Коми дил Андаке муҳайё шуд.
Ин рақобатпаноҳро чӣ кунам?
Ин дарунаш сиёҳро чӣ кунам?

Шаҳрёро! Чанд рӯз бо гиряву зорӣ гузаронидам. Дар шаби охир ба Муборак хотири худро баён кардам. Чун ин шунид, оҳ кашид ва гуфт:

  • Ҳайф, ки давлат дар сар надорӣ! Дареғ аз ин ҳама ранҷ, ки ман барои ту кашидам... Э писар, андаке ба худ ой, рӯзи худро сиёҳ накун! Ту он нестӣ, ки аз дасти малик Содиқ ҷонатро халос кунӣ. Духтарро ба зудӣ, сиҳат ва саломат бе ҳеҷ хиёнат ба малик Содиқ барем ва аз ӯ хоҳиш кунем, шояд ӯро ба ту вогузорад.

Чун ман исрори ӯро (ба сари гапи худ сахт истодани ӯро) дидам, дам фурӯ кашидам ва ба кунҷе хазидам. Он сиёҳи санг-дил ҳарчанд ишқи маро бештар дид, никоби бераҳмӣ бар рӯи

пешина
аз 191
навбатӣ