Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
(худ) кашид. То кор ба ҷое расид, ки маро аз дидани он нозанин монеъ гардид...
Аз ҳама сахттар он буд, ки он моҳваш аз аҳвол бехабар буд. Гоҳе ҳайрон шуда аз Муборак мепурсид. Муборак ӯро бо ҳамин таскин медод, ки:
— Иншооллоҳ, чун ба диёри Чин расем, баъд аз ҷашн ва оини шаҳр бо тумтароки тамоми арӯсӣ намуда, шоҳзода кадхудо хоҳад шуд.
Муборак ҳарчанд ба рафтан таъҷил мекард, ман илтимос менамудам, ки як-ду рӯзи дигар бошем. Як лаҳзаро ғанимат мешумурдам. Ниҳоят, кор чун аз ҳадди илтимос гузашт, ба Муборак гуфтам, ки:
— Ман аз мулки Чин ва васли духтари амакам гузаштам. Чӣ шавад, ки дар ин шаҳр бимонам ва рухсат диҳӣ то даст ба гардани висоли ин нозанин дароварам.
Ӯ гуфт:
— Ин хаёли ботил аст! Малик Содиқ даст аз ин бознамедорад. Яқин, ки охир ба ҳар васила, ки бошад, ин шаҳрро мустало гардонад. Он вақт моро ба балое мубтало аст, ки ҳар соат ба марг розӣ шавем. Ҳамон беҳтар аст, ки даст аз ин бидорӣ, шояд, ки Малик Содиқ ӯро ба ту бидиҳад:
Гуфтам:
— Э золим, ӯ куҷо даст аз чунин маъшуқа бозмедорад?
Муборак гуфт, ки:
— Чизе медонам: Малик Содиқ чун духтарро бинад, аз ӯ нафрат кунад.
Гуфтам:
— Кадом аст?
Ӯ гуфт:
— Навбати аввал, ки падарат ба миёни ҷинҳо мерафт, онҳо маро ба миён мегирифтанд ва озор медоданд, шӯхӣ ва ҳазл мекарданд. Ман ба падарат шиква кардам. Дигар бор, ки рафтем, вай равғане сохт ва як шиша аз он пур карда ба ман дод ва гуфт, ки «аз ин ба бадани худ мол!». Чун чунон кардам, ҷинҳо аз бӯи он равған аз ман нафрат мекарданд ва ба ман наздик намеомаданд. Ҳоло аз он равған камтар ҳаст, ба бада-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё