Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ин ба духтар мемолем, то ки малик Содиқ аз ӯ нафрат кунад. Баъд аз он илтимос намуда, духтарро барои ту мегирам.

Муборак бо ин афсун маро сокин (ором) кард ва ба тайёрии сафар машғул шуд. Барои хизмати он гулизор як каниз харид, инчунин як шутури боркаше барои қаҷоваи онҳо ва дигар чизҳои лозимаро тайёр кард. Баъд аз он ба роҳ даромадем. Дар роҳ ҳама дам Муборак ресмони он шутурро дар даст дошт ва маро наздик шудан намемонд. То ки се моҳ роҳ паймудем. Дар аснои роҳ ба ӯланге¹ расидем. Дар он ҷо гулгулаи ҷинҳо ба гӯши мо расид. Онҳо фиристодагони малик Содиқ буданд, ки ба тафтиши ҳол ва ба ёрии мо омада буданд. Малик Содиқ ҳамоно дониста буд, ки он нигорро мо ба даст даровардаем. Ҷинҳо маро ва Муборакро муборакбод мегуфтанд. Баъд аз он гуфтанд, ки:

— Малик Содиқ ба шумо интизор аст. Агар розӣ бошед, шуморо зудтар наздик расонем.

Муборак гуфт:

— Инро маслиҳат намебинам, зеро ки мумкин аст духтар аз дидани шумо ваҳмад ва ягон кор шавад.

Баъд аз ин ду-се нафар ба назди малик Содиқ рафтанд, ки башорат диҳанд, боқӣ дар дашту ҳомун парешон шуда рафтанд. Аммо духтарро аз онҳо хабар набуд. Ман боз бетоқатӣ кардам ва хоҳиш намудам, ки Муборак аз он равған ба бадани духтар молад. Муборак гуфт:

— Аввал ба худи духтар диҳем ва бинем канӣ ӯ дар чӣ хаёл аст?

Чун ба духтар масъаларо фаҳмонид, вай гиряву фиғон кард ва зорӣ намуд, ки:

— Ёрон, гуноҳи ман чӣ буд, ки аз ватан овора ва асир карда, ба дасти ҷинҳо маро месупоред? Магар раҳм дар дили шумо нест! Ман дар шаби никоҳ тоқати дидани ҷинҳо надоштам...

Чун духтар ин суханҳоро гуфт, дили Муборак ба ҳоли ӯ сӯхт. Аммо илоҷе надошт. Баъд аз он ки маро ба худ овард, ба ҳазор забон, ки буд, ҳар дуро таскин дода, аз он равған

_____________________ ¹ Ӯланг — сабзазор, маргзор.

пешина
аз 191
навбатӣ