Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
бад-он нозукбадан молид. Аммо дили ошиқ аз куҷо ба гуфтугӯ таскин ёбад?!
Рӯз бо ҳамин ҳол гузашт. Шаб дар ҳолате ки Муборак дар хоб буд, ба оҳистагӣ худро ба назди он зебопарӣ расонидам ва сар дар қадамаш гузошта, ба узрхоҳӣ машғул шудам.
Гуфтам:
— Ба ҷонат қасам, ки ба ман халале нест. Аз он рӯзе, ки сурати туро дидаам, меҳратро ба ҷону дил харидаам, дил аз зиндагӣ буридаам ва ҳаётатро бар худ гузидаам...
Суханони ман ба дили он нозанин асар намуд ва гуфт:
— Фалонӣ, чун медонистӣ, ки чунин балое дар пай аст, чаро аз он шаҳр баромади?
Гуфтам:
— Аз тарси подшоҳ, эҳтимол дошт, ки душмане ба подшоҳ хабар медод, баъд фитнае барпо мешуд ва малик Содиқ хабардор шуда, бар сари ҳама ягон балоеро меовард.
Гуфт:
— Хуб, бинам, канӣ, чӣ мешавад... Аммо эй ҷавон, ман дил дар вафои ту бастам, ту ҳам фаромӯш накун!
Ҳар ду даст дар оғӯши якдигар дароварда бехуд шудем. Овози ҷинҳоро шунида ба худ омадем. Аз ҷодар берун баромадам. Дидам, ки чанд нафар аз мӯътамадони малик Содиқ омадаанд. Онҳо ду даст либоси фоҳира барои мо оварда, барои он санам ҳавдаҷи1 марворидкорӣ оварда буданд. Онҳо зуд духтарро ба ҳавдаҷ шинониданд ва ману Муборакро ҳам ба тахте шинонида, ба ҳаво парвоз карданд. Баъд аз се рӯз моро ба назди малик Содиқ оварданд. Малик он чӣ лозимаи эҳтиром ва таъзим буд, дар бораи мо ба ҷо овард, таҳсини бисёре кард ва ба сӯи ҳарам ба дидани духтар равон шуд. Ҳамин ки ба наздики ӯ меравад, он бӯи нохушро мефаҳмад ва асари малол дар симои ӯ мушоҳида мекунад ва рӯи ӯро ба ҷо намебинад. Баъд аз он берун омада, маро металабад. Ҳамин ки пеш рафтам, дидам он малик Содиқ набуд, ки ламҳае пеш аз ин дида будам. Ранг барафрӯхта, ба оташи ғазаб сӯхта ба Муборак хитоб намуд:
1 Ҳавдаҷ – қачоваи занона, ки як ҷуфти онро ба шутур бор мекунанд ва дар ҳар тарафаш як зан менишинад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё