Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
— Э пири баҳонаҷӯ! Худ шарт накардӣ, ки хиёнат накунӣ?
Ин рангубӯ чист? Ва ин ҳол аз кист?
Муборак дарҳол аъзои пинҳонии худро нишон дод ва гуфт:
— Хиёнат аз ман чӣ тавр мешавад! Рӯзе, ки ман ба ин хизмат даромадам, худро аз қувваи мардӣ маҳрум кардам.
Пас малик рӯ ба ман намуда хитоб намуд:
— Маълум мешавад, ки ин хаёли ботил ва савдои хом дар сари ту будааст. Акнун чӣ карданамро медонам.
...Ҳамияти ҷоҳилият ба ман чунон асар кард, ки худро нашинохтам, давида аз камари Муборак ханҷарро кашидам ва ба малик Содиқ андохтам. Аммо надонистам, ки нӯги ханҷар ба бадани ӯ расид, ё не. Ҳаминро медонам, ки дар пеши пои ман бар пушт ғалтид ва нафасаш аз тараддуд истод. Ман гумон кардам, ки мурдааст. Ҳайрон шудам, ки зарби ман-ку он қадар сахт набуд, ин чаро мурд. Дидам, ки вай оҳиста-оҳиста хурдтар мешуд, то он ки ба монандӣ як кулӯла шуда аз замин баланд гардида, ба ҳаво рафт ва аз назар ғоиб шуд. Ногоҳ аз ҳаво чун раъд хурӯшанда ва чун барқ чаҳанда шуда фуромад ва як ҷуфт лагад ба тахтаи синаи ман зад, ки мӯҳраи пуштам ба замин часпид, дард ба дилам печид ва бехуд шудам...
Чун ба ҳуш омадам, дар биёбоне будам, ки дар ҳар чор тараф ба ғайр аз реги равон ва хори мағелон чизе набуд. Чашм ба ҳам ниҳодам, зориву тавалло кардам, фоида накард, оҳу нолаам асаре набахшид. Баъд маҷнунвор ба кӯҳу дашт афтодам. Дар миёни мардумон даме намеосудам, хӯрду хобро тарк кардам. Дар ҳар гӯшаву канор он дилбарро меҷустам.
Ҳар киро медидам, аз мақоми малик Содиқ мепурсидам. Касе аз ӯ ному нишон намедод. Оқибат аз даҳр ноумед шуда, ба худ қарор додам, ки аз ин зиндагонӣ марг беҳтар аст. Худро ба кӯҳе кашидам, ки шояд худро ба зер андозам ва аз озор наҷот ёбам. Иттифоқо он ҳамон кӯҳе буд, ки ин дарвешон рафта буданд. Дар он ҷо он марди обидро дида, ба ишораи ӯ ба ин тараф равон гардидам. Алҳол ҳамагӣ дар хизмати подшоҳ нишастаем. То бинем баъд аз ин рӯзгор бо дарвешони ҷигарсӯз дар чӣ кор аст?..

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё