Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Ҷудо кардам. Ғуломҳо зуд букчае оварданд ва либосҳоро дар он гузошта бастанд ва дар назди ман гузоштанд. Ин муомила ва ҳаракатҳо боз ҳам маро шефтатар кард.
Ҷавон ба ман нигоҳ карда, пурсид:
– Бародар, боз хизмате дошта бошӣ, бифармо!
Дуояш карда аз нархи чизҳо пурсидам. Сӣ тумон будааст, маро шарм омад, ки дар он боб кӯшиш кунам, тиллои сурхро шумурда додам ва ба ғуломҳо ҳам хизматона додам. Он ҷавон чун ин тавр харидориро дид, ба ман бо чашми дигар нигарист ва пурсид:
– Бародар, мардуми кадом шаҳр ҳастӣ?
Гуфтам:
– Таваллудам аз хоки Яман аст.
Ӯ гуфт:
– Бародар, орзу дорам, ки шабе ба хизмати ту бошам.
Ман узр хоста, гуфтам:
– Бисёр муташаккир ва миннатдорам, агар саломатӣ бошад, боз меоям. Ҳоло азбаски рафиқи сарпӯшидае дорам ва ӯ ба ҷое баромада наметавонад ва худам ҳам ҳанӯз дар ин шаҳр ғарибам, танҳо гузоштани рафиқаам ноинсофӣ мешавад. Боз албатта вомехӯрем...
Ӯ гуфт:
– Бародар, бисёр баҳона ва узрхоҳӣ накун. Ман мехоҳам имшаб маро аз хок бардорӣ ва қадам бар чашмам гузорӣ.
Ва қасам медод, то он ки шарт кардам, ки аз хона баргардам.
Чун ба дари хона расидам, даст бар дар задам. Он дилбари нозанинам дарро кушод ва букчаи либосҳоро аз дасти ман даррабуд ва ҳамаро писандид ва аз аҳвол ва муомилаҳо пурсид. Ман ҳам тамоми меҳрубонӣ ва лутфи ҷавон ва ба меҳмонӣ талабидан ва бо баҳонаи дурӯғ халос шуда омадани худро гуфта додам.
Ӯ гуфт:
– Эй фалонӣ, агар ризои дили маро хоҳӣ, бояд ки биравӣ ва хилофи ваъда накунӣ.
Гуфтам:
– Ба ман, ба ғайри аз сӯҳбат ва хизмати ту дигар чизе даркор нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё