Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Гуфт:
— Агар хоҳӣ, ки ман аз ту розӣ бошам, бояд биравӣ ва хилофи ваъда накунӣ. Ту аз танҳоии ман андеша макун, боке нест.

Бо ҳамин тариқ, то қариби фурӯрафти офтоб он нозанин маро ташвиқ ва тарғиб мекард, аммо дили ман ӯро танҳо гузоштанӣ набуд. То он ки, агар наравӣ, меранҷам, гуфта, қасам хӯрд. Дарвешон, дар мазҳаби ошиқон ризои маъшуқ фарз аст. Ман ҳам бо дили дардолуд ба дӯкони он ҷавон равон гардидам. Вақте ба он макон расидам, дари дӯкон баста шуда ва он ҷавон дар болои курсӣ, дар интизори ман нишаста буд. Чун назараш ба ман афтод, бо чеҳраи хуш ба сухан даромада аз ҷо бархост ва бо ман ба сӯи ҳавлиаш равон шуд.

Чун ба ҳавлиаш даромадам, боге дидам ирамосо, иморате олибино, фарши шоҳона густурда, асбоби айшу тараб омода карда, дар лаби ҳавз нишастгоҳ дуруст карда, нуклу мурғу май ва мазаи бисёр муҳайё карда буданд. Дар пешгоҳ тахте гузошта, бар рӯи он кӯрпачаҳои бахмали парикудор паҳн карда буданд.

Он ҷавон зуд либосҳои рӯяшро кашида, маро ҳам ба кашидан таклиф кард ва мо ҳар ду гузашта аз болои тахт нишастем. Ҷавон қадах пур карда нӯшид ва ба таклифи тамом ба ман нӯшонид. Ҳамин ки се ҷомӣ нӯшидем, димоғҳо саршор гашт, чор нафар муғанниёни навосоз ва мутрибони хушовози зариф ва макбули хотир, ҳар як созе дар даст ба маҷлис даромаданд ва дар атрофи бисот нишастанд. Он ҷавон аз ҷо бархоста, ба онҳо якчанд ҷом май нӯшонид ва саршорашон гардонид. Он чор нафар ҳофизони хушхон, ки лаҳни хуши онҳо об аз ҷараён ва тайр аз тайрон1 бозмедошт ва дар ҳар таркиб дувоздаҳ мақом ва бисту чор шӯъла ва чилу ҳашт гӯшаро ба мавқеъ мехонданд ва дар фунуни созандагӣ, ки ба нолаи вай занги кудурат аз дили ҳозирон мезудуанд, ба оҳанги навои ҷонфизои мусиқор2 хуш аз вуҷуди ушшок ва ҳиҷозу ироқ3 мерабуданд, ба шӯълаи овоз оташкории даф

_____________________ 1 Тайр аз тайрон — мург аз парвоз.
2 Мусиқор — номи асбоби қадимии мусиқӣ.
3 Ушшок ва ҳиҷозу ироқ — дар ин ҷо ҳам ба маънои номи мақомҳои «Шашмақом».

пешина
аз 191
навбатӣ