Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Медиҳад, ки нависанда хонандаро водор намояд, то ки вай худаш дар бораи тақдири қаҳрамонҳои ҳикоя фикр кунад, бо ҳамроҳии нависанда дар тартиб ва сохти ҳиссабандӣ иштирок намояд.

Дар бораи яке аз асарҳои классикии шарқ, ки ба тарзи повести чаҳорчӯбадор навишта шудааст, Н.Г. Чернышевский чунин менависад: «Дар синни ҷавонӣ маро афсонаҳои «Ҳазору як шаб» мафтун карда буданд ва он афсонаҳоро ба ҳеҷ ваҷҳ «Афсонаҳои бачагона» номидан мумкин нест; баъд, дар синни калонсолӣ ҳам ман он афсонаҳоро борҳо гаштаю баргашта хондам ва дар ҳар бори хонданам ин китоби сеҳрангез маро мафтун ва мафтунтар мекард. Ман осори шеърии олиҷанобро медонам, аммо аз ин олиҷанобтарро надидаам.».

Пас аз ин баъзе қайдҳои дар боло зикршуда, ба хонандагон мафҳумтар мегардад, ки барои чӣ С.Айнӣ барин як устоди мӯътабар, ин повести чаҳорчӯбадор — «Чор дарвеш»-ро ба ин дараҷа баҳои аъло медиҳанд. Шубҳа нест, ки барои хонандагони мо дар ин китоб баъзе чизҳое ҳаст, ки чандон рост намеояд. Масалан, ғояи он ки ҳамаи мушкилот аз тарафи худо ва подшоҳон ба тариқи мӯъҷиза ҳал карда мешавад, барои мо бегона ва норавост, ки дар ин бора устод Айнӣ дар сарсуҳани худ қайд карда, онро ба норасоиҳои асар даровардааст.
Вале, аз тарафи дигар китоб дар замонҳои қадим навишта шудааст ва баъзе нуқсонҳои вай аз ҳамин сар бар мезанад.
Дар баробари ҳамин танкиди ҷабру зулми ҷамъияти кӯҳнаи феодалӣ, ҳусни таваҷҷӯҳ ба мардуми меҳнатӣ ифодаҳои гуманистӣ барин бартариҳо дорад, ки ба қимати адабии он далолат медиҳанд ва онро сазовори диққат мегардонанд. Бигузор нашр гардидани ин китоб оғози он кори бузурге шавад, ки дар натиҷаи он беҳтарин осори насрияи классикии тоҷик ҳартарафа санҷида шуда, таҳлил гардида ба чоп расанд.

И. БРАГИНСКИЙ
доктори илмҳои филологӣ

пешина
аз 191