Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Бо ин ду хусусияти худ ва ҳатто бо сюжети ягонаи асосӣ дар ҳинди қадим, дар адабиёти санскрит ба майдон омадааст. Муҳимтарин ва намоёнтарин асарҳо дар ин услуб дар санскрит иборат аз «Панчатанра» («Панҷ китоб» ки дар адабиёти Эрон кор карда шудаи он «Калила ва Димна» ном дорад), «Витала панча винатти» («25 афсонаи Виталӣ», ки тарҷумаи русии он мавҷуд аст), «Шукасантати» («75 ҳикояи тӯтӣ»), ки ба хонандагони тоҷик ба номи «Тӯтинома» машҳур аст1.

Дар адабиёти Эрони қадим (дурусттараш дар адабиёти паҳлавӣ) ва баъд аз он дар адабиёти форсӣ китобҳои халқии бисёре ба майдон омадаанд, ки баъзе аз онҳо бевосита сюжетҳои ҷудогонаи он китобҳои санскритиро ва аксаран фақат услуби коркардаи онҳоро, ки иборат аз «Чорчӯба» мебошад, истифода бурдаанд. Як қисми аз ин гуна осорро мо ном бурдем ва дар он қатор ҳам ҳамин китоби «Чор дарвеш» офарида шудааст.

«Повестҳои чорчӯбадор», хусусан осори халқҳои эронизабон ва араб ба адабиёти ғарб таъсири фаровоне бахшидаанд. Мисоли равшани ин китоби машҳури «Декамерон» (Даҳшаб) мебошад, ки аз тарафи Бокаччо навишта шудааст. Аз ҳамин нуқтаи назар гуфтан мумкин аст, ки баъзе аз китобҳои халқии тоҷикӣ на фақат боигарии бузурги мадании халқи тоҷик, балки гавҳарҳои қиматбаҳо дар хазинаи адабиёти ҷаҳонӣ ҳам мебошанд.

Дар ин китобҳо фантазияи бой ва аҷоиб услуби зебо ва диққатангези арабӣ ва ғояи гуманистӣ, ки дар ҳикматҳои халқӣ ифода ёфтаанд, ҷолиби диққат мебошанд.

Бедарак нест, ки демократи револютсионӣ, мунаққиди бузурги рус Чернышевский бо завқу муҳаббати зиёд повестҳои чорчӯбадори шарқзаминро таъриф мекунад ва худаш ҳам асари калонаш «Повестҳо дар повестҳо»-ро навишт, ки дар он ҳамин услуб ва сохти қиссаро истифода бурд. Дар сарсӯхани асари худ Н.Г.Чернышевский дар бораи бартарӣ ва ҳусну латофати бадеии ин услуб батафсил нақл карда мегӯяд, ки ин услуб, ин тарзи ҳикоябандӣ имкон

1 Дар ҳамин қарибӣ китоби Л.А.Гринсер дар бораи «Повестҳои чорчӯбадори санскрит» аз чоп мебарояд.

пешина
аз 191
навбатӣ