Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
намуда, сози дувоздаҳум рост карда, дар мақоми рост ин ғазал бархонданд:
Хуштар зи айшу сӯҳбати боғу баҳор чист, Соқӣ, биёр май, сабаби интизор чист?
Зоҳид шароби кавсару Ҳофиз пиёла хост, То дар миёна хостаи кирдигор чист?
Дарвешон! Аз бисёрии дилдории он ёри дилнавоз ва кайфияти бода ва нағмаи созу шӯълаи навози он мутрибон оҳиста-оҳиста аз даст рафта маст шудан гирифтам ва аз фикри он паризод, ки сармояи айш ва зиндагонии ман буд, берун рафтам. Дар аснои айшу сӯҳбат он ҷавонро гирён дидам. Меҳрубонона даст ба гарданаш даровардам, ба қурбону садқа ашк аз рухсораи гулнораш пок кардам ва ҷабакашро бародарона бӯсидам ва аз сабаби гиряаш пурсидам.
Дарвешон!
Бе ҳузури май нахезад шарми хубон аз миён, Нашъаи майро ҳарифон хуб пайдо кардаанд...
Он ҷавон баъд аз қадаре фикр кардан сар бардошта, гуфт:
— Хуб, аз бародарон асрори дил пинҳон доштан аломати нифоқ аст.
Ҷавон ин бигуфту аз маҷлис берун рафт. Вақте ки бозгашт, аз дунболаш нозанине даромад, ки тамоми маҷлис аз нури ҷамолаш мунаввар гашт. Бо ишораи он ҷавон, духтари нозанин ишора ба даст гирифта, як пиёла май кашиду ба ман дод. Нӯшидам. Он ҷавон худаш газакро пеш овард, ман гирифтам у аз дасташ бӯсидам. Ҳамин тариқ, мо май нӯшида сӯҳбат мекардем. Ниҳоят он ҷавон гуфт:
— Эй ҷону ҷаҳон! Чӣ шавад ки барои хотири бародарам як чанг навозӣ.
Духтар қабул кард, зуд ба ӯ чанг оварда доданд. Он зӯҳраи осмони накӯй дар назди чанг нишаста чунон навохт, ҳама об шуданд. Баъд аз овози форам ва дилнишини худ ҳамин байтҳоро хонд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё