Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
— Соқӣ, биё, ба ёди шароби ту сӯхтем,
Бо он ки оташем, зи оби ту сӯхтем.
Дар шабгузашти умр надодем субҳи васл,
Аз бахт дар гаронии хоби ту сӯхтем.
— Балогардонат шавам, матлаб аз ин беадабӣ ин буд, ки як бори дигар дида ба дидорат равшан гардад.
Духтар ин бигуфт ва беҳуш шуд. Ин адо (ҳаракат) ба ҷигари подшоҳ халид, фармуд духтарро ба канора кашиданд ва ба вазир итоби бисёр карда, гуфт:
— Мақсадат ин буд, ки адои (ҳаракати) ин гесӯбуридаро рӯирост бинам. Ҳоло бизан гардани ин писарро, ки дигар тоби шунидани ин ҳикоят надорам!
Вазир аз газаби подшоҳ тарсида теғ кашид ва ба қатли писар тохт. Ҳамин ки хост теғ ба кор барад, аз миёни духтарон тире омада ба синааш нишаст, ки соф аз пушташ берун шуд. Вазир оҳе кашид ва ғалтид. Баъд аз ин ғавғо баланд шуд. Подшоҳ низ аз ҷони худ тарсида ба ҳарам равона шуд. Садои «бигир, бигир» ба фалак печид. Ман аз даҳшат ва воҳима беҳуш шудам...
Вақте ба ҳуш омадам, ки худро дар ҳуҷраи ҷарроҳи фарангӣ дидам. Ҷарроҳ захмро мебаст.
Э ҷавон! Чун муддати умрам боқӣ буд, ҷароҳатам беҳ шуд. Аммо рӯз ба рӯз захми дилам носур (реширавон)-тар мешуд. Ҳанӯз асари беморӣ ва беқувватии ман боқӣ буд, ки рафиқон рафтагӣ шуданд, маро ҳам бо худ берун оварданд. Ин маълум буд, ки васли он гавҳари якдона насиби ман намешавад, аммо хаёлаш бо ҷонам қарин буд... оҳиста-оҳиста кор ба ҷое расид, ки аз одамон безор шудам, дилам аз кори олам сард шуд:
Мӯе шудам аз ғами миёнат,
Мурдам зи ду чашми нотавонат.
Ҷонам ба лаб омаду надодам,
Коме зи лаби шакарфишонат.
Биншинаму бо ғами ту созам,
Пинҳон зи ту бо ту ишқ бозам.
Дар вақти сафар гузорам ба ин макон афтод ва бо худ гуфтам:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё