Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Чун нест умеди васли дилбар, Аз халқи ҷаҳон канора хуштар.

Бинобар он дар ҳамин ҷо манзил карда, аз ҳар мамлакат меъморон, сангтарошон ва наққошони моҳирро ҷамъ кардам, барои ин сӯмиа1 ва ин сурат (ҳайкал) маблағи зиёд сарф намудам. Боқии мол ва нақдинаи худро ба ворисон тақсим кардам, фақат ҳазор туманро нигоҳ дошта, ба ғуломи озодкардаи худ ки амин ва мӯътабар буд, додам. Вай бо он зар савдогарӣ мекунад ва сол ба сол озуқаи маро ба қадри кифоя расонда меистад. Аз он замон дар ин гӯшаи кӯҳсор бо тимсоли он зебонигор ишқ мебозам ва худро ба ҳамин сабаб тасаллӣ медиҳам:
Чун даст намедиҳад висолаш,
Дасти ману домани хаёлаш!

Дарвешон! Вақте ки ман васфи ҳусну ҷамол ва хулқу камоли он офтоби ҷоҳу ҷалолро шунидам, якбора фирефта ва парешон гардидам. Аз ҷо хеста дасти он марди аҳли дардро бӯсидам ва гуфтам:
— Э хоҷа! Роҳи ошноӣ, ҳиммат ва меҳрубонӣ дареғ надор, ки дилу динам аз даст рафт...

...Ҳуҷум овард бар дил бори ишқи бемуҳобоӣ, Ба ҷӯш овард мағзу тоқатамро шӯру расвоӣ!

Он мард аз изтироби ман мутаҳайир ва мутаассир гардид ва гуфт:
— Ишқ ҳақиқист, маҷозӣ магир,
Ин думи шерест ба бозӣ магир!

Гуфтам:
— Э мард, муҳаббат гувоҳ аст ки сар дар ин роҳ дареғ нахоҳам дошт. То ком нагирам, ором нагирам: «Ё тан расад ба ҷонон, ё ҷон зи тан барояд!».

1 Сӯмиа — ибодатгоҳи тарсоён, монастир ва умуман ибодатхонаи калони гунбаздор.

пешина
аз 191
навбатӣ