Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ва ба сони абри найсон ба гиряву фиғон даромад ва ба ҳадде, ки шӯр аз мардум баромад ва аксари мардум аз тобиши оташи ҷонсӯзи овози ӯ аз ҳуш рафтанд ва хурӯш баргирифтанд. Чандон гирист ва гирёнид, ки бетоқат гардида аз ҷо хест ва се навбат қафзанон ба гирди тобут гардид ва равон шуд. Ғуломон тобутро гирифтанду рафтанд.

Дарвешон!
Муҳаббат бо дили ғамдида улфат бештар гирад,
Чарогеро, ки дуде ҳаст дар сар, зуд даргирад.

Аз дидани он ҳол ва шунидани он мақол якбора девонавор аз худ бегона шудам. Баъд аз изтироби бисёр ба худ андешидам: «...Ин мушкиле, ки ту дорӣ, маълум аст, ба ғайри ёрии ёре ва мададгоре тадбирпазир нест. Ҳарчанд гардидӣ, ба хизмати муршиди комил беҳтар ки ба дари девонагӣ равӣ ва даст ба домани ин гавҳари фарзонагӣ занӣ!.. Шояд ки бо ин восита шоми ғамро сабоҳе ва ин дари бастаро мифтоҳе падид ояд».

Бо ин фикр аз ақиби он ҷавон равон шудам. Мардум инро дида аз гиребони мани нотавон гирифтанд.

Гуфтанд:
— Эй ғариби ҷоҳил! Магар аз ҷон сер ва аз ҳаёт дилгир шудаӣ?!

Аммо ман худро ба девонагӣ зада, ба суханони онҳо гӯш намекардам. Дар он миён дардманде (каси таҷрибадидае) пайдо шуд ва гуфт:
— Эй ёрон! «Девона чу девона бубинад хушаш ояд». Бинобар он даст аз ин бечора бидоред ва дилашро ба нохуни мумониат наёзоред, ба ҳоли худаш вогузоред!

Мардум чун маро диданд, ки манъро қабул намекунам, даст аз ман бардоштанд ва маро ба ҳоли худ гузоштанд. Ман аз паси он ҷавон шитобон равон шудам. Мардум аз пешаш мегурехтанд ва ман аз пасаш медавидам. Ҳар кӣ маро бад-он ҳол медид, дасти таАССУФ ба дандон мегазид. Он ҷавон мерафт ва ин суханҳоро мешунид, аммо ба ақиб нигоҳ намекард. То ки ба дари хонаи олие расид ва даромада рафт. Ман

1 Мифтоҳ — калид.

пешина
аз 191
навбатӣ