Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Дар берун ҳайрон мондам. Баъд аз лаҳзае (андак фурсат) як ғуломбачае дарро кушода маро ба дарун талабид. Ба дарун даромада боғе босафо ва иморати олибиное дидам. Вақте ки ба иморат даромадам, он марди мардона ба пешгаҳи хона нишаста буд. Дар болои як тахт тобут гузошта шуда ва дар пои он шамъи кофурӣ месӯхт. Он ҷавон дар даст ҳамон шашпар, сараш ҳам, бо хаёле фурӯ рафта буд. Чун қадам ба дарун гузоштам, забон ба дуо кушодам ва салом додам. Вай сипандосо аз ҷо барҷаст ва гуфт:
— Э аблаҳ! Туро чӣ бар ин доштааст, ки сар дар пайи ман мекунӣ?! Ва шашпарро ба сари ман ҳавола кард. Ман сарамро ҳам карда, аз ҷон даст шустам ва гуфтам:
— Э ҷавон! Ба ҳаққи дине, ки дорӣ, маро халос кун, ки зиндагонӣ бар ман талх аст.
Вай аз шунидани ин сухан даст боздошта, шашпарро ба як сӯ монд. Аммо он чунон торсакие ба таги гӯшам зад, ки ба сар даромадам, ғалтидам ва аз худ рафтам.
Баъд аз он ки ба ҳуш омадам, сари худро дар канори он мард дидам. Риояти адаб намуда, аз ҷо ҷастам ва дар рӯ ба рӯяш нишастам. Вай боз ба ман бо хашм нигоҳ карда, гуфт:
— Э беақли бечора! Чӣ дард, ки ақлу хушатро барбод додай? Аз чӣ рӯ кор ба ҷон ва корд ба устухонат расида ва аз ҷони худ сер ва аз зиндагонӣ дилгир шудай? Ҳаргиз касеро надидаам, ки аз ман нагурехта бошад. Магар ту (фақат ту), ки аз пайи ман овеҳтай! Ҳоло дардатро баростӣ гӯӣ, ки раҳми ман ба ту омад.
Гуфтам:
— Э ҷавонмард!
Чу тифлон шиквае ҷуз гиря дар олам намедонам,
Намедонад касе дарди ману ман ҳам намедонам...
Инро гуфтаму гиря гулӯгирам шуд ва чандон гиристам, ки ӯро ба гиря даровардам. Баъд аз гиряи бисёре гуфт:
— Э сӯхтадил, бас аст! Ҳоло аҳволи худатро гӯӣ, ки ба ҳаққи Худо барои матлаби ту бикӯшам, он чӣ лозимаи ёрист ва мададгорӣ ба ҷо орам; ба шарти он ки аз ман чизеро пӯшида надорӣ.
Ман ҳам он чӣ дида будам ва шунида будам, баён кардам...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё