Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
кашида, то худро ба ин диёр расонидааст. Алҳол ба ман илтиҷо овард. Акнун:
...Раво мадор, ҷавоне бимирад аз ғами ту, Ту ҳам ҷавониву аз худ умедҳо дорӣ.
...Ва гуфтам, ки медонӣ барои ту хуни бисёр рехта шуд. Акнун, агар дилҷӯии ин дилаздастдода кунӣ, ман низ мамнуни эҳсон шавам. Духтар ба ман гуфт, ки аз чашми бадон чӣ гуна халос шавам? Он тарафи кор ба ман аст, гуфтам. Шумо беҳтар аз ҳар кас муҳофизат мекунам. Чун инро шунид, сокит гардид. Ман ӯро шаб мефиристонам, гуфтам, ту ҳозир бош ва бе ҳеҷ ибо ба хонаи ман равон шав. Дар ин ҷо вай ангушти қабул ба дида гузошт. Акнун бояд ту шабона ба дари боғ равӣ ва ӯро гирифта биёрӣ. Аммо дар роҳ эҳтиёт кун!..
Ба муждагонӣ дасташро бӯсидам... он рӯзро ба шодмонӣ гузаронидам. Ҳамин ки шаб расид, он мард як ғуломашро ҷег зада бо ман ҳамроҳ карда ва ба ӯ супориш намуда, гуфт:
— Ин ҷавон мусофир аст, роҳро намедонад. Ӯро ба дари боғи духтар гирифта бар ва худат дар каноре исто, ки касе туро набинад. Дар вақти баргаштан ҳам пеш-пеши онҳо биё ва бохабар бош!
Дарвешон! Аз он ҷавон ҳиммат талабидам ва равона шудам. Чун андак роҳ рафтем, надонистам ғулом чӣ ғараз дошт, ки кӯчаро ба ман намуда, гуфт:
— Ин роҳ рост ба боғ меравад. Ман дар ин ҳавлӣ кор дорам. Ту дар вақти бозгашт, ҳамин ҷо бош ва ба ман мунтазир шав.
Ғулом инро гуфту рафт. Ман бошам бе ҳеҷ ибое, бо шавқи муҳаббат ба дари боғ расидам ва дару деворро бӯса зада, гуфтам:
— Чашмро боз ба ҷои дигаре дӯхтаам, Ҳалқаи дидаи худро ба даре дӯхтаам.
Чун ламҳае (лаҳзае) гузашт, ногоҳ овозе баромаду умрам ба сар омад. Вақте ки дар он шаб дида ба хуршеди ҷамоли он шакарлаби симғабғаб равшан кардам, аз шодӣ ба замин афтодам ва бӯса бар қадами он нозанин додам ва гуфтам:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё