Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
— ...Ҳар ғам, ки насиби интизор аст, Бо ваъдаи васл хушгувор аст.
Гуфт:
— Э ҷохил! Ҷои истодан ва маҳалли сухан кардан нест. Пеш бош (пеш даро)!
Ман ба роҳ афтодам ва он нозанин аз паи равон шуд. Дарвешон! Аз хурсандии дидани ёр, шуур аз сарам дур шуда, хонаи он марди мардона ва шери фарзонаро гум кардам ва то субҳ дар он шаҳр саргардон мегаштам ва роҳ ба ҷое намебурдам. Он хуршедрӯ ва шӯълахӯ ҳар дам эътироз карда, мегуфт:
— Э саргаштаи бахтбаргашта! Хонаи вайронаи ту дар куҷост? Ҳамин ки рӯз шавад, ба дасти душман гирифтор шуда, расво ва бадном мешавем...
Аммо ман ҷавобе дода наметавонистам. Ба ҳар тараф саросема медавидам. Қариби баромади офтоб ба кӯчае расидам, инони ихтиёр аз даст додам. Хостам, ки худро кушам ва беш аз ин хиҷолат накашам. Ногоҳ чашмам ба кунҷи кӯча, ба дарвозаи як иморати оліӣ афтод, ки аз берун қулф зада шуда буд. Инро дида даст бар даст задам ва пушти даст хоидам. Он ягонаи офоқ гуфт, ки:
— Э бехабар! Чӣ хаёл мекунӣ?
Гуфтам:
— Фидоят шавам! Намедонам, ин чӣ ҳолат аст, ки ба ман пеш омада. Як ғуломи дуруст доштам, ба вай бовар мекардам. Аммо ҳамин, ки ман ба хизмати шумо рафтам, вай ҳам дари хонаро қулф карда, намедонам ба куҷо рафтааст.
Духтар ба сӯи ман даст афшонду гӯё маро ба соддагӣ ва беақлӣ маломат мекард, баъд сангеро гирифта қулфро зад ва шикаст. Дасту пои ман меларзид. Ва бо худ гуфтам:
— Э вой, ки беҳ нашуд, бадтар шуд...
Он нозанин дарро боз карда ба дарун рафт. Ман низ лоилоҷ аз дунболи ӯ рафтам ва аз парешонии хотир дарро набастам. Он хона чӣ хонаи хубе будааст! Дарахтони сарв, санавбар, шамшод ва арҷар, нор ва ҳар гуна дарахтони мевадор сар ба фалак кашида, гулҳои алвон дар ҳар тараф фаровон, ҷӯйҳои пуроб дар ҳар канор равон, ғунчаи гули сурх ба бевафоии мавсими баҳор табассум мекард, мурғони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё