Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Кампир бо ин гапҳо чунон нолаву зорӣ кард, ки дили мо бар ӯ сӯхт. Духтар пурсид, ки:
— Эй модар! Аз куҷоӣ ва парешону гирён чароӣ?
Гуфт:
— Ҷонам ба лоғурайдона шавад! Дар ин ҳамсоягӣ кулбаи вайронае дорам ва дар сояи давлатат шукргузорам ва ба лукмаи ноне ва либоси кӯҳнае қаноат кардаам. Духтаре дорам бори ҳамл дорад ва ду рӯз шуд, ки дард мекашад, аммо кушоише намеёбад. Қобила (доя) мегӯяд, ки агар чанд барги кабоб бӯ кунад, қувват меёбад ва сабук мешавад. Чун ба харидани кабоб дасти расо надоштам, қадам ба давлатхонаи шумо гузоштам, ки шояд ба тасаддуқи саратон раҳме ба ин пирканизи худ намуда чизе ба ман карам кунед.
Духтар ӯро талабида як-ду мурғи бирён ва чанд нон дод. Инчунин ҷомаи худро ҳам кашида ба ӯ инъом кард ва гуфт:
— Модар ҳар вақт – ҳар вақт омада исто, ман ба ту чиз медиҳам. Ҳоло зуд бирав, ки духтарат озор дорад.
Кампир ба ҳаққи он гулизор дуои бисёре карда рафт. Духтар ба фикри он пиразан ба хоб рафт. Аммо ман дар фикри кори худ ҳайрон будам. Ногоҳ овози бастани дар баромад ва садои суми асп ба гӯшам расид. Чашм ба сӯи дари хона дӯхтам, касе пайдо нашуд. Баъд аз дақиқае овози нолаи он пиразанро шунидам. Бо изтироб аз иморат берун давидам, ба миёни боғ рафта, дар паси гулбуне ҷо гирифтам. Назар кардам, ҷавоне дидам, ҳамчун шере жаён ва бабри дамон, бозу монанди шохсори чинор ё шамшод; рӯяш монанди курси қамар, маҳосинаш (ришаш) рашки мушки азфар, чакмани бахмали сиёҳ дар бар, телпаки барраи хуросонӣ бар сар, риштаи зартор ба даври кулоҳ печида, камарбанди мурассаъ дар миён баста, каманди шасти хашмӣ ба фитрок, шамшер ва ханҷар дар камар, шамшери дигар ҳамоил, чеба пуртир, сипари фарохдомане ба пушт; ҳар ду ҷониби доман баргардонида ба камар банд карда, оҳуеро ба фитрок баста, дар дасте найза ва бо дасти дигар аз гиребони он аҷуза медошт. Ба рӯи
1 Шери жаён – шери бадқаҳр.
2 Бабри дамон – бабри ғуррон, бабри зӯр ва бадқаҳр.
3 Фитрок – тасмае, ки ба ду тарафи зини асп барои бастани шикор ва ғайра меовезанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё