Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

АдабиётҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Хушилҷон дар шоҳсор дар тараннум буданд. Дар хонаҳо фарши зебо партофта шуда, асбоби маҷлис ҳама аз нуқраву тилло ҷобаҷо монда шуда ва муҳайё... Он гуландом иморатро давр зада, хандон бар сари ҷойгоҳе, ки нарм печида шуда буд, нишаст. Ман бо фармуди вай дастурхони сарбастаро кушодам. Дар он нони майдаи латиф ва чанд мурғи бирён буд. Духтар табассум карда, гуфт:
– Э азиз! Агар ғуломат рафта бошад ҳам, асбоби айшро тайёр карда рафтааст.

Ва худ даст ба гардани мино (шишаи май) бурда пеш кашид ва ҷоме пур карда нӯшид. Баъд маро ҳам пеш талабида ҷоме дод. Ман ҳам суханашро ба ҷон гӯш кардам ва гузаштаву ояндаро фаромӯш кардам. Баъд аз нӯшидани ду-се ҷом димоғи он моҳи тамом саршор гардид ва ба ҳавои сайри гулзор баромад ва дар гӯшаи сарҳавз нишаст. Чун боз ҷоме нӯшид, майли маза кард. Ба дарун давидам, дастурхонро пеш кашидам. Баъд аз он он ёри ҷонӣ гоҳе худаш, гоҳе ба ман мехӯронд. Ман маст шудам, бо хурсандӣ мегуфтам:

Кӯ ба кӯ онро, ки меҷустам, ба домон ёфтам,
Ҳамчу субҳ ин давлат аз чоки гиребон ёфтам.
Дида лабрез аз нигоҳу дил зи толеъ узрхоҳ,
Иззатеро охир аз васлаш ба сомон ёфтам.

Аз он ҷониб, чун парасторони он зебосанам, аз гум шудани ӯ хабардор мешаванд, аз тарси ҷони худ ба пеши подшоҳ мераванд ва ӯро хабардор мекунанд. Подшоҳ дарҳол ба кофтукови ӯ сар мекунад: ба атрофи диёр кас фиристода ба посбонон менависад, ки бохабар бошанд. Инчунин чил зани маккораро дар шаҳр муқарар мекунад, ки дар байни маҳаллаҳо бароянд ва ба хонаҳои мардум дароянд, кофтуков кунанд, шояд он гулрӯро биёбанд. Яке аз кампирони фиребгар, бо қадди дуто, дар даст тасбеҳ ва асо, аз он кӯча мегузарад. Чун дари хонаро боз мебинад, ба дарун медарояд. Вақте ки ман хабардор шудам, вай асозанон ва дуогӯён ба дарун даромада омад.
Ӯ гуфт:
– Илоҳӣ, бо ҷавонӣ ва комронӣ ба якдигар арзонӣ бошед. Илоҳӣ, бадӣ ба пешатон наояд ва душманонатон фано шаванд, бадхоҳонатон гирифтори бало шаванд.

пешина
аз 191
навбатӣ