Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Дарвешон! (Озодбахт мегӯяд). Иттифоқан яке аз миршикорони ман, ки аз шикор мегаштааст, гузораш ба он макон меафтад. Мебинад, ки хоҷа ва хоҷазода ва дигарон дар саропарда нишаста суҳбат мекунанд. Вай ҳайрон мешавад, ки оё онҳо кӣ бошанд. Подшоҳ ҳеҷ яке аз амиронро ба сафар нафармудааст, ба тозагӣ омадани ягон элчӣ ҳам маълум набуд. Бинобар он шотири худро барои хабар гирифтан мефиристонад. Шотир вақте ки ба чодари туҷҷор мерасад, хоҷа ӯро чег зада аз аҳволи хоҷааш мепурсад. Хоҷа кӣ будани ӯро дониста хабар мефиристонад, ки агар малол наояд, манзили моро мунаввар намоед. Мири шикор ҳам, барои дуруст дониста гирифтани онҳо ба наздишон мерасад. Баъд аз салому пурсупос ба рӯи курсӣ мешинад. Он ҳама асбобу анҷом, он ҳама тантанаро дида ҳайрон мешавад. Чашмаш ба хоҷазодаи офтобталъат меафтад, дар як тараф саг ва қафасҳои мазкурро дида ҳуш аз сараш мепарад. Хоҷа ӯро хуб меҳмондорӣ мекунад. Ӯ низ баъд аз тафтиши аҳволи хоҷа, ном ва мақоми ӯ ба шаҳр меояд. Рӯзи дигар ба даргоҳи мо ҳозир мешавад. Мири шикор ин ҳикояро ба якчанд умаро нақл мекунад. Ҳамагӣ аз шунидани он ҳикоя ҳайрон мешаванд. Чун ба боргоҳ даромаданд, ба мо ин хабарро расониданд, тарзи рафтор ва бадкирдории хоҷаро чунон гуфтанд, ки оташи ғазаби ман шӯълавар гардид ва ҷазм кардам, ки он мардро сиёсат кардан лозим аст. То ки ба дигар беадабон танбеҳ шавад. Ва чанд аз кӯрчиёни пургазабро фармудам, ки ӯро (хоҷаро) ба сазо расонанд (кушанд) ва молу ашёи ӯро ғорат кунанд.
Дарвешон! Иттифоқо ҳамон элчии фаранг он дам ҳозир шуд. Чун ин ҳукми маро шунид, беихтиёр хандид. Аз хандаи вай ман оташинтар шудам ва гуфтам:
Ханда, ки аз дил накушояд гиреҳ, Гиря аз он хандаи бевақт беҳ!
Э мардаки нодон! Барои чӣ механдӣ!
Элчӣ гуфт:
– Шаҳрёро! Хандаи ман чанд сабаб дорад. Аввал он ки ростии сухани вазири мӯсафед зоҳир шуд ва он марди бегуноҳ аз зиндон халос мешавад. Хайрият, ки бо шафоати ман ҳамон рӯз шумо дасти худро ба хуни бегуноҳе олуда накардед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё