Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Дигар он ки, Шаҳрӯро! Шумо ба ҷои он ки ҳамон марди тоҷирро чеғ зада, аҳволи ӯро фаҳмед, бо шунидани ҳарфе аз шахсе, ки ба хоҳиши худ ҳар чӣ мегӯяд, ӯро (тоҷирро) ба куштан амр кардед...

Дарвешон! Суханҳои элчиро шунида вазир ба ёдам расид. Фармудам, ки рафта хоҷаро бо писараш ва он ду нафар маҳбус ва он сагро биёранд. Мувофиқи фармони ман мулозимон онҳоро зуд ҳозир карданд. Вақте ки хоҷа бо писараш даромад, аз тарзи либоспӯшӣ, одобу ҳусну ҷамоли он писар ҳама ҳайрон шуданд. Он нодираи ҳусн дар дасташ як себи тиллоӣ дошт, ки تمام ҷавоҳироти қиматбаҳо ва сангҳои бемисл шинонидашударо, ба пояи тахти мо нисор кард ва таъзим карда, ба канор истод. Хоҷа баъд аз таъзим забон ба дуо кушод. Аз хушгӯӣ ва ширинзабонии ӯ ҳама ҳайрон шуданд. Ман ба ӯ хитоб карда, гуфтам, ки:

— Э шайтони одамнамо... ин чӣ дом аст, ки афкандед ва ин чӣ чоҳ аст, ки дар роҳи мардум кандаед?.. Миллат ва дин дорӣ ё на?

Ӯ гуфт:

— Шаҳрӯро, умру давлатат поянда бод! Ман дин дорам, миллатро медонам. Лекин инҳо, ки дар назари шумоянд ва сабаби тӯҳмати мананд, боис дорад, ки гуфтан наметавонам.

Дардест маро, ки гуфтани нест, В-ин дард дигар нуҳуфтани нест.

Шаҳрӯро! Барои пинҳон доштани ин воқеа нанги сагпарастиро ба худ писандидам ва ба «Хоҷасагпараст» машҳур шудам...

Аз ин суханони ӯ оташи хашми ман бештар шӯълавар гардида, гуфтам:

— Э гӯли биёбони ҷаҳолат! Ман на онам, ки ба фиреби ту дароям! Ҳоло ё ба далели маъқул боиси ин ҳолро баён кун, хирадмандонро писанд افتد, ё ба қасос тан деҳ, ки сабаби ибрати дигарон гардад!

Ӯ гуфт:

— Шаҳрӯро! Чӣ шавад, ки аз хуни мани маҳзун гузаранд ва молҳои маро, ки беҳисобанд забт намоянд, маро ва ин писарро рухсат фармоянд.

Аммо ман аз ғазаб нафуромадам. Вай дид, ки дигар чорае нест, якбора гиря сар дод ва ба писар нигоҳ карда гуфт:

пешина
аз 191
навбатӣ