Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Фарзанд, ман аз марг наметарсам, лекин ҳозир туро ба кӣ гузорам?!
    Гуфтам:
  • Беҳуда магӯ, баҳона маҷӯ, зуд бош!

Баъд аз ин вай пештар нишасту забон ба дуо кушод ва гуфт:

  • Подшоҳо, агар муомила бо ҷон ва аз паси он фироқи ҷонон намешуд, ин суханро ҳаргиз касе аз ман намешунид. Ҳоло ки гап то ба он дараҷа расид, бифармоед он ду нафар шахсро, ки дар қафас мебошанд ва гӯё, мазлум менамоянд, пеш оранд ва шумо ба сухани ман андаке гӯш диҳед. Агар ман хатое кунам, онҳо ислоҳ менамоянд.

Ин сухани хоҷаро ман писандидам ва фармудам, ки бандиҳоро озод карда аз қафас бароварданд ва онҳо дар паҳлӯи росту чапи хоҷа нишастанд. Баъд аз он хоҷа гуфт:

  • Ин марде, ки дар тарафи рости ман нишастааст, бародари бузурги ман аст ва инаш аз вай хурдтар мебошад. Ман хурдтарини онҳоям. Мо аз вилояти Форс ҳастем. Падари мо савдогаре буд, ки ҳашт ҳазор туман сармоя дошт. Вақте ки синни ман ба чордаҳсолагӣ расид, падарам бемор шуда вафот кард. Баъд аз даҳ рӯзи марги падарам бародаронам ба ман гуфтанд:
  • Э фалонӣ, ҳар киро, ки аз хешовандонат амин донӣ, чег зан то ки як ҷо нишаста моли падарро тақсим кунем ва ҳар кадоме бо ҳиссаи худ ба кор машғул шавем.

Ман гуфтам:

  • Бародарон ин чӣ сухан аст, ки шумо мегӯед! Ман ба шумо ғулом ҳастам. Падарам мурд, шумо ба ҷои падари ман ҳастед. Ман ҳанӯз ҷавонам, шумо соябони ман ҳастед. Ба ман либос ва луқмаи ноне диҳед, бас аст.

Онҳо дар ҷавоби ман гуфтанд, ки:

  • Дуруст, бад фикр накардаӣ!.. бо ҳамин ҳила мехоҳӣ, ки дар андак муддат моро мӯҳтоҷи нон кунӣ.

Ин суханро шунида ҳеҷ чиз нагуфтам, ба хобгоҳ рафта гиристам ва ниҳоят худро бо ҳамин тасаллӣ додам, ки «бародарон маро меозмоянд!».

Рӯзи дигар, вақте ки бародаронам берун рафтанд ва чоштгоҳ шуд, мулозими қози омада маро ба қозихона гириф-

пешина
аз 191
навбатӣ