Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
та бурд. Рафта бинам, ҳамин ҳар ду бародар нишастаанд ва муддакои дирӯзаро даъво мекунанд.
Қозӣ ба ман нигоҳ кард ва гуфт:
— Чаро аз ҳукми шаръ сар мепечӣ!
Ман ҳар чизеро, ки шаб ба бародаронам гуфта будам, боз такрор кардам. Бародаронам ба ҷавоб гуфтанд, ки:
— Агар рост мегуфта бошӣ ва дилу забонат як бошанд, дар ин бора санад карда, бо мӯҳр ва имзои қозии шариат тасдиқ кунонда ба мо деҳ. То ки баъд аз ин агар даъвои мерос кунӣ, даъвоят ботил гардад.
Ман гумон кардам, ки бародаронам барои эҳтиёт ва дурандешӣ ин корро карданӣ ҳастанд. Бинобар он мувофиқи хоҳиши онҳо санад карда дода, бо дили беғаш ба хона омадам. Баъд аз чанд рӯз бародаронам ба ман гуфтанд:
— Барои худат як хонаи дигар ёб! Мо розӣ нестем, ки ту дар мулки мо бошӣ!
Бо шунидани ин сухан донистам, ки бародаронам маро фириб додаанд. Ба онҳо чизе нагуфтам ва таклифи онҳоро қабул карда, як-ду рӯз мӯҳлат гирифтам. Дар ин миён баъзе чизҳоро, ки падарам аз сафарҳояш ба ман савғот оварда буд, фурӯхтам ва аз он маблағ ҳавлие харидам ва бо канизаке, ки онро ҳам падарам ба ман баҳшида буд, ба он ҳавлӣ кӯчидам. Дар вақти кӯчидан ҳамин саг, ки бо ман аз хурдиаш одат карда буд, низ ҳамроҳ шуд. Бародаронам ба ман бераҳмӣ карданд, аммо ин саг бо ман ҳамроҳӣ кард.
Баъд аз ин аз бозор дӯконе гирифта, бо андаке сармоя ба дӯкондорӣ нишастам. Дар байни се сол сармоям ба чор ҳазор туман расид. Дар байни савдогарон эътибор пайдо кардам, аъёну ашроф ба ман муроҷиат мекардагӣ шуданд.
Дар соли чорум, рӯзе дар хона нишаста будам, ки яке аз ғуломҳоям гирёну нолон аз кӯча баргашт. Сабаби гиряашро пурсидам, киноя карда гуфт, ки:
— Ту чӣ кор дорӣ, ба айши худ машғул бош!
Гуфтам:
— Магар ягон балое шудааст.
Ӯ гуфт:
— Бало магар аз ин бадтар мебошад, ки ту бо ин мол хушҳол ва фориғбол нишастӣ, аммо бародаронатро дар бо-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё