Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Зорӣ барои сад туман даъвои як судхӯр ба дор овехтаанд ва чӯб мезананд ва касе онҳоро ҳимоят намекунад.
Ин хабарро шунида дилам ларзид, аҳволам бад шуд, тоқат накарда аз хона давида баромадам. Ба ғуломҳо фармудам, ки пул биёранд. Вақте ки ба сари майдон расидам, ин ду ҷавонро ба ҳоли хароб дидам. Беихтиёр аз чашмам ашк ҷорӣ шуд. Зуд ба мулозимони ҳоким пул пора дода, онҳоро аз сари бародарон дур кардам ва ба назди судхӯр рафта гуфтам, ки:
— Чаро ба ин бечораҳо ин қадар ситам мекунӣ?
Ӯ гуфт:
— Агар ба инҳо раҳм мекарда бошӣ, дили маро ба даст ор, талаби маро адо кун! В-агарна суханҳои бефоидаро гуфта нагард.
Гуфтам:
— Талаби ту чанд аст?
Гуфт:
— Сад туман аст.
Зуд сад туман дода аз вай санадро гирифтам ва ин ҳар дуро, ки урён, гирён ва маҷрӯҳ буданд, ба хона гирифта овардам. Зуд ҷарроҳ ҷеғ зада, ба ҷароҳатҳояшон даво кардам. Баъд либосҳои хуб дода, ба ҳаммом фиристодам ва хеле меҳрубонӣ карда, дар хизматашон камар бастам. Ба ҷиҳати он ки мабодо инҳо ҳиҷолат накашанд, аз ваҷҳи моли падар чизе нагуфтам.
Инҳо азбаски дар пеши мардум бисёр хорӣ кашида буданд, дар хона нишастанро авло дида, ба кӯча набаромаданд. Баъд аз чанд гоҳ ба хотирам расид, ки инҳо мабодо ғусса нахӯранд ва аз хонанишинӣ ба танг наоянд. Бинобар он шабе дар аснои сӯҳбат гуфтам:
— Бародарон, ба гумонам агар якчанд рӯз сафар кунед ва аз ин хонанишинӣ халос шавед, беҳтар аст. Чаро ки эътибори савдогар дар сафар аст.
Бародаронам ҳам сухани маро маъқул донистанд. Ман баъд аз он ба тараддуди асбоби сафари инҳо сар кардам ва ба ҳар кадом садтуманӣ сармоя карда додам. Инҳо бо сармоя ва мол ба корвоне, ки ба сӯи Туркистон мерафт, ҳамроҳ шуда рафтанд. Дар аснои сафар ба дасташон ҳам ба қадри кифоя пули хароҷоти роҳ додам. Баъд аз рафтани инҳо рӯзу шаб

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё