Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Мунтазир будам, ки ба саломат баргарданд. Баъд аз як сол корвони рафта бозгашт. Вале дар байни корвониён бародарони ман набуданд. Як кас гуфт, ки:
- Бародари калонат дар шаҳри Бухоро қиморбозӣ карда молашро бой дод ва ниҳоят ба фаррошии қиморхона даромамад. Дигараш ба кӯзагарбачае ошиқ шуда, молашро ба роҳи ӯ сарф кард, ҳоло гуломи вай шуда монд.
Ин хабарро шунида ҷаҳон ба чашмам торик шуд. Тоқат карда натавонистам. Пинҳонӣ аз дӯру дӯстон, зару ҷавоҳир бардошта бо зудии ҳар тамомтар ба сӯи Бухоро равон шудам. Баъд аз расидан, кофтукови бисёре карда онҳоро ёфтам, ба ҳуҷра овардам, сару либос додам ва ба ҳаммом фиристодам. Ва дар бораи он корҳояшон лаб накушодам, ки мабодо хиҷолат накашанд. Баъд аз он ба ҳар кадомашон саду панҷоҳ туманӣ матоъ харида додам ва асбоби сафарашонро муҳайё карда ба тарафи мамлакати худамон равон шудем.
Чун ба наздикии шаҳр расидем, бародаронамро дар деҳае монда, худам ба Бағдод рафтам ва чанд рӯз овоза кардам, ки бародаронам аз сафар бозмегарданд ва чандин нафар аз дӯстонамро барои пешвозгирии онҳо хабар кардам. Рӯзе, ки мехостам ба истиқбол бароем, аввали рӯз деҳқоне гирёну нолон ва ҳақораткунон омада гуфт, ки:
- Кошки, бародарони наҳси ту ба деҳаи мо намеомаданд. Аз бехосиятии онҳо дуздон ба деҳа ҳуҷум карда, тамоми моли онҳо ва чандин хонаводаро ба ғорат бурданд.
Гуфтам:
- Афсӯс!.. Ту аз аҳволи онҳо хабар дорӣ. Худҳошон дар куҷоанд?
Гуфт:
- Дар беруни шаҳр урӯну гирён нишастаанд.
Дарҳол барои онҳо либос бурдам ва ба хона овардам. Дӯстон ва хешон аз омадани онҳо хабар ёфтанд, ба диданашон шитофтанд. Ман то бист рӯз ба хизматашон камар бастам, меҳмондорӣ кардам. Баъд аз он хиҷолати бародарон дучандҷон шуд. Бинобар он дар кунҷи хона ба сар мебурданд ва майли берун омадан намекарданд. То ки ба ҳамин ҳол се моҳ гузашт. Ин тариқа зиндагӣ кардани онҳоро нахоста, баъд аз се моҳ ман салоҳ дидам, ки бо ҳамроҳии бародаронам худам ҳам сафар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё