Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

АфсонаАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

кунам. Шабе ин хаёламро ба бародаронам гуфтам. Онҳо низ қабул карданд. Баъд ман ба тайёрии сафар сар карда, матои муносиби Ҳиндустонро харидам. Ниҳоят як рӯз бо бародаронам кӯч карда, ба сӯи дарё равона шудем. То вақте ки ба дарё расидем, ҳеҷ як воқеае рӯй надод. Аммо чун ба киштӣ даромада равон гаштем, дидам, ки дар соҳил ҳамин саг дар ҳаяҷон ва печутоб аст; нолаву фарёд мекунад ва ниҳоят худро ба об андохт ва ҳарчанд зӯр мезад, мавҷ боз ҳам онро ба соҳил мебурд. Ниҳоят ба завраке андохта онро ба киштӣ расонданд. Ҳайвони безабон ба киштӣ даромада, дар пеши пои ман хурсандию лоба ва думҷӯлонӣ карда ором гашт.

Дигар муддати як моҳ киштӣ роҳ гашт ва ман бо бародаронам худро хушбахт ва осуда гумон мекардам ва доим бо онҳо хушгӯй ва сӯҳбат мекардам. Аммо намедонистам, ки инҳо ба фикрҳои бад ва андешаҳои нобоб будаанд. Воқеа ҳамин ки бародари калонам ба канизи хоссаи ман ишқ варзида, дар хилват бо бародари хурдам машварат карда мегӯяд:
— Бародар, беҳтар аст, ки ӯро аз миён бардошта худамон ором гардем. В-агарна хиҷолати вай моро мекушад...

Инҳо баъд аз фикри бисёр қарор медиҳанд, ки маро ба дарё андозанд. Пас, шаб дар яке аз ҳуҷраҳои киштӣ, бо хоссаи худ хоб карда будам, ки овози бародари хурдиамро шунидам. Бародари хурдам маро бедор кард ва гуфт:
— Зуд берун баромада, ин қудрати Худоро тамошо кун.

Ман ба берун тохтам. Дар он вақт саг низ бедор шуда буд. Чун ба рӯи киштӣ расидам, бародари бузургмаро дидам, ки ба канори киштӣ даст зада, хам шуда тамошо мекунад.
Гуфтам:
— Бародарон, чӣ чиз аст?
Гуфтанд:
— Биё, нигоҳ кун, тамошои аҷиб, одамҳои обии бисёре шохҳои марҷонро ба даст гирифта, дар миёни об мерақсанд.

Агар ин суханро ба ғайр аз бародаронам каси дигар мегуфт, бовар намекардам. Аммо ман сухани онҳоро рост гумон кардам, саросема ва хоболуд ҳарчанд нигоҳ мекардам, чизеро намедидам. Ногоҳ бародари хурдам аз ақиб даст ба камарам дароварда, маро ба дарё андохт. Киштӣ монаиди тир ба пеш мерафт. Мавҷи об бо сад зарбу лат маро ба ҳар тараф

пешина
аз 191
навбатӣ