Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Мебурд. Гоҳ ба қаър фурӯ мерафтам, гоҳ мавҷ боло мебардоштам. Аз зарбаҳои мавҷ қариб буд, ки ҷонам барояд. Дасту поям суст шуд. Дар аснои даступозанӣ чизе ба дастам расид, ки дар рӯи об шино мекард. Вай ҳамин саг буд. Баъд аз он ба ёрии ин саги вафодор, ки зоҳиран, аз паси ман худро ба об партофта будааст, ҳафт шабонарӯз дар дарё шино мекардам. То ки ниҳоят ба ҷазирае расидам ва худро ба хушкӣ кашидам ва бехуд шудам...

Рӯзона бо овози саг ҳушёр шудам ва ба атроф нигоҳ кардам. Аз дур нишони шаҳре ба назарам расид. Ба умеди ба даст даровардани як даҳан нон лангон-лангон ва афтону хезон ба он сӯ равон гардидам. Азбаски мадори роҳ гаштанам набуд, то шаб ба шаҳр расида натавонистам, дар қарибии шаҳр шабро ба рӯз овардам ва аввали пагоҳ ба шаҳр даромадам. Чун ба сари бозор расидам, дар нонвойхона нон дида дилам задан гирифт, пуштамро ба девор такя дода ба зӯр нафас рост кардам. Дигар на диноре доштам, ки ба он нон харида гирам ва на рӯи он, ки пурсам ва гадоӣ кунам... оҳ мекашидам «ва ба ҳасрат нигоҳ мекардам».

Нафси лаим ба гадоӣ таълим медод, вале обрӯи одамзодагӣ манъ менамуд. Ниҳоят худро ба ҳамин тасаллӣ додам, ки аз он ҷо гузарам ва аз нонвойхонаи дигар талабам... бо ҳамин баҳона аз чанд дӯкон гузаштам, вале ноне талабида натавонистам. Дар охир кор ба он расид, ки қариб беҳуш шуда афтодӣ шудам. Дар ҳамин дам ду нафар аҳли Аҷамро дидам, ки мастона, хандону шукуфон меоянд. Аз диданашон хурсанд шудам ва ба дил гуфтам, ки аз бегона дида ҳамшаҳрии худамон беҳтар аст, хуб мешавад, ки аз онҳо талабам, шояд ошно ҳам бошанд ва маро шиносанд. Вақте ки пеш омаданд ва хуб нигоҳ кардам, ҳамин бародаронам буданд. Инҳо душмани ҷони ман будаанд, аммо ман бо шодии дидани рӯи онҳо қувват ва мадор ёфтам ва ба пешвозашон тохта салом додам. Инҳо маро дида ҳайрон шуданд ва фарёд кашиданд. Бародари миёнаам ба рӯи ман як торсакӣ зада, маро ҳақорат дод. Бародари бузургам ҳам ҳамин тавр кард. Ҳар ду маро ба зери шаллоқ гирифтанд. Ҳарчанд тавбаву зорӣ мекардам, фоидае надошт. Инҳо маро мезаданд ва мегуфтанд, ки:

пешина
аз 191
навбатӣ