Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Э золим, дигар аз мо чӣ мехоҳӣ?
То он ки халқ аз ҳар тараф ҷамъ шуда гуноҳи маро пурсиданд. Бародаронам гиребон дарида фарёд карданд ва гуфтанд:
— Ин бадбахти шум навкари бародари мо буд. Ӯ бародари моро ба дарё партофта, молу мулки беҳадду ҳисоби ӯро дуздида буд. Ҳоло чанд вақт аст, ки мо дар тамоми шаҳрҳои Ҳиндустон ӯро кофтуков карда мегаштем. Ана имрӯз дар ин ҷо ёфтем.
Инҳо маро боз ба зери шаттаву шаллоқ гирифтанд ва мегуфтанд:
— Э ҳақношинос! Чӣ гуна тавонистӣ, ки бародари ҷавони моро аз ҳаёташ маҳрум кардӣ? Охир вай-ку ба ту ғайр аз хубӣ дигар коре накарда буд...
Ин ғавғоро шунида мулозимони ҳоким омаданд, сухани бародаронамро шунида маро гирифтанд ва ба пеши ҳоким бурданд. Дар назди ҳоким низ бародаронам доду фарёд карда, ба ман хун даъво карданд ва сад туман ба ҳоким пора дода хоҳиш карданд, ки маро ҷазо диҳад. Ҳоким ба ман рӯ оварда воқеаро пурсид. Азбаски азобу уқубати пайдарпай дида будам, ёрои гуфторам набуд, сар ба зер андохта будам ва ҷавоб намедодам. Аз сукути ман шубҳаи ҳоким зиёд шуда фармуд, ки маро ба майдон баранд, ба дор кашанд, то ки ибрати дигарон гардад.
Инак бо подоши он ки ман сад туман дода, аз пои бародаронам ресмон кушодам, инҳо сад туман доданд ва ба гулӯи ман ресмон андохтанд. Вақте ки худро бар дор дидам, ба ҳар тараф нигоҳ кардам, ошное ба назарам нанамуд, магар ин саги бечора, ки дар он вақт ба пои одамони ҳоким меафтод, зорӣ мекард, ҳарчанд шаттаву шаллоқ мехӯрд, боз ҳам хомӯш намеистод...
Ман аз ҳар чиз ноумед шуда чашм пӯшидам ва беҳуш гаштам... дар ҳамин дам иттифоқи аҷибе рӯ медиҳад: ноҳост подшоҳ дарди шикам мешавад. Табибҳо ҳеҷ даво карда наметавонанд. Ниҳоят яке аз вазирҳо мегӯяд, ки:
— Ҳайру саховат кунед, зиндониёнро озод кунед, то ки ба ҳаққи шумо дуо кунанд, саломат шавед.
Бо амри подшоҳ як саркарда ба асп савор шуда, ба сӯи

пешина
аз 191
навбатӣ