Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Зиндон меравад. Дар роҳ халойикро дар сари дор дида асп меронад ва бо шамшери худ ресмони дорро мебурад ва худаш ба кораш меравад. Бародаронам корро ба ин ҳол дида аз тарси он ки ман зинда монам, мабодо боиси расвоии онҳо мешавам, ба назди ҳоким мераванд ва хостгори қасос мешаванд.
Ҳоким азбаски ришват гирифта буд, мегӯяд, ки — дар ин вақт ӯро рӯйрост куштан мумкин нест. Аммо ба хотири шумо ӯро ба зиндони Сулаймон меандозам, то ки аз гушнагӣ ва ташнагӣ бимирад...
Ин зиндон чоҳест, ки дар болои кӯҳ канда шуда, дарозтар аз рӯзи ошиқон ва тиратар аз шабҳои ҳиҷрон аст! Ҳар касе, ки ба ғазаби подшоҳони он вилоят гирифтор ояд, ба он чоҳ меандозанд.
Инак, бо фармони ҳоким чанд кас омада маро мебардоранд ва пинҳон аз мардум бурда, ба он чоҳ меандозанд. Бародаронам баъд аз ин аз ман осуда шуда баромада мераванд.
Аммо ин ҳайвони ҳақшинос дар сари чоҳ мехобад.
Ман бехабар аз он ки дар зиндон ҳастам, нисфи шаб ба ҳуш омадам ва худро дар ҷои торик ва бадбӯе ёфтам. Худ ба худ гумон кардам, ки ин гӯр аст. Вале ҳаракат карда дидам, ки он ҷо аз гӯр васеътар аст. Боз ҳайронтар шудам... нолидам, гиристам. Ногоҳ овози ду нафар одам ба гӯшам расид.
Тарсидам, ларзидам. Баъд аз он овози хӯрок хӯрдан ба гӯшам расид. Аз ин ҳайратам боз ҳам зиёдтар шуда атрофамро дастдаст кардам. Ба ғайр аз устухонмайдаи пӯсида чизи дигар набуд.. Воҳима кардам ва фарёдкунон пурсидам, ки:
— Э халқи Худо, ман кистам ва шумо чӣ хел одамед, ин ҷо куҷост?
Он ду нафар аз саволи ман хандиданд.
— Ин зиндони Сулаймон аст ва мо бандӣ ҳастем, — гуфтанд.
Гуфтам:
— Набошад ман зинда будаам.
Гуфтанд:
— Маълум аст, ки зиндай.
— Чӣ шавад аз чизе, ки мехӯред, қадаре ба ман ҳам диҳед.
Онҳо хандиданд. Аммо ман боз ҳам талаб кардам ва ба ҷонашон расондам. Онҳо ба ман суханони сахт гуфтандӯ тао-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё