Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Мӯ шаробашонро хӯрда хоб карданд. Ман аз беқувватӣ ва гуруснагӣ гирёну нолон мондам. Охир, ҳафт шабонарӯз дар дарё аз ҷон даст шуста гирифтори мавҷҳои бераҳм шудан, ташнаву гурусна дар биёбон роҳ гаштан, аз дасти бародарон ва золимон ин қадар шаттаву шаллоқ хӯрдан ва то ба чӯбаи дор боло шудан... — осон нест! Ман гоҳ бехуд мешудам ва гоҳ ба худ омада менолидам...
Ҳоло маро ба ҳоли худ гузоред ва аз саг шунавед.
Саг дар сари чоҳ мехобад. Ними шаб мебинад, ки касе як дастурхонча нон ва кӯзаи оберо ба ресмон баста ба чоҳ меандозад, баъд ресмонро холӣ кашида мегирад. Он ҳайвони безабон маънои ин корро фаҳмида медонад, ки ягон шиноси ин кас бояд дар чоҳ бошад. Инак саг ҳам, ба ҳамин қарор меояд, ки вай ҳам бояд барои ман озуқа расонад.
Аввали рӯз саг ба шаҳр рафта, ба дари нонвойхонае меистад, ҳамин ки нонвой нони аввалро канда, ба рӯи тахта мепартояд, саг ҷаҳида нонро мегирад ва мегурезад, бо санг ва бо чӯб мезананд, аммо саг нонро намепартояд. Вай баъд аз оне ки аз нонвой халос мешавад, дар роҳ ба сад саги дигар ҷангу ҷидол карда нонро напартофта ба сари чоҳ мерасонад ва ба даруни чоҳ партофта, аз паси он ба даруни чоҳ нигоҳ карда ак-ак мекунад.
Ман дар таги чоҳ бечораву ноилоҷ нишаста будам, ки аз боло чизе афтод ва баъд садои саг ба гӯшам расид. Дарҳол атрофамро даст-даст карда нонро ёфтам ва ба боло нигоҳ карда рӯшноии рӯзро дидам, ки ба қадри ситорае метофт. Аз ин қадаре ба ҳол омада, нонро хӯрдан гирифтам. Баъд аз оне ки қадаре нон хӯрдам, ташнагӣ ба ман ғалаба кард.
Аммо саги вафодор аз паи ёфтани об афтода, аз кӯҳ поён мефурояд ва ба деҳае расида, дар канори он деҳа ба хонае медарояд. Дар он ҷо кампире зиндагӣ мекардааст. Он кампир аввали рӯз кӯзаҳояшро аз об пур карда, ба ҷои хунук чида монда, худаш ба сари чарх нишаста будааст, ки саг даромада ба паси кӯзаҳо меравад ва боз мегурезад. Кампир чӯб гирифта ӯро ронданӣ мешавад. Аммо саг ба пеши кӯзаҳо меравад. Аз ҳаракати вай як кӯза меафтад ва ба кӯзаи дигар мерасад ва он ҳам кӯзаи сеюминро меафтонад. Кампир дарқаҳр шуда, сагро хуб мезанад. Аммо саг нагурехта рӯяшро ба пои кам-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё