Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Пир менолад ва лоба мекунад. Ин ҳолро дида кампир раҳм мекунаду ба сафолпарчаи шикастагӣ дар назди ӯ об мегузорад. Аммо саг ба об нигоҳ карда, боз лобаву зорӣ мекунад ва аз бари кампир газида ӯро ба сӯи кӯҳ мекашад. Инро дида кампир дар дили худ мегӯяд, ки саг бояд бачагон дошта бошад, ки барои онҳо об талаб мекунад. Бинобар он кампир барои имтиҳон як кӯза об гирифта аз паси саг ба кӯҳ мебарояд. Чун ба лаби чоҳ мерасад саг домани ӯро гирифта бар сари чоҳ мекашад ва зорӣ мекунад. Аз ин ҳол кампир мефаҳмад, ки дар ин чоҳ бояд касе бошад, ки саг барои вай об расониданӣ аст. Бинобар он кӯзаро монда ба поён меравад, ки ресмон биёрад. Дар ин дам ҳам саг ӯро пайравӣ карда, лобаву зорӣ мекунад. Кампир ресмон оварда кӯзаро мебандад ва ба чоҳ мефурорад. Дар ин дам саг ак-ак кард ва маро хабар дод. Ман аз чо боло шуда кӯзаро гирифтам ва аз ресмон боз карда об нӯшидам. Баъд аз он ба қадри кифоя нон хӯрда осуда шудам ва худро ба гӯшае кашида хоб кардам. Ҳар рӯз ба ҳамин тариқ он ҳайвони безабон барои ман обу нон муҳайё мекард. Якчанд рӯз баъд, нонвой ҳам мебинад, ки саг ба ҳар ҳол нонро гирифта мегурезад, барои савоб дар вақти пайдо шудани саг ба ӯ нон мепартояд ва саг ҳам онро гирифта ба ман меорад. Агар кампир дар роҳ ва ё дар сари чоҳ набошад, саг зуд ба хонаи ӯ рафта боз кӯзаҳояро шикастанӣ мешавад, кампир ҳам зуд кӯзаи обро бардошта, ҳар пагоҳ ба ман мерасонад. Саг баъд аз маро таъмин кардан, худаш ҳам нони хушке ва устухоне ёфта хӯрда, вақти боқимондаашро дар сари чоҳ мегузаронад...
Ман шаш моҳи тамом дар ҳамон таги чоҳ мондам. Аммо худатон инсоф диҳед, ки касе шаш моҳ дар таги чоҳи торик нишаста бошад, ба чӣ ҳол меафтад! Фақат пӯсту устухонам боқӣ монда буду бас!
...Як шаб аз ғаму ғусса гиряву зорӣ карда, хобам набурда нишаста будам, ки ногоҳ аз боло ресмоне дароз шуд ва овози мулоиме ба гӯшам расид, ки мегуфт:
— Э ғариби ҷафокаш! Сари ресмонро ба миёни худ маҳкам банд ва сахт бо дастонат бигир, ки вақти аз чоҳи ғам баромаданат расид.
Ман ба дил гуфтам, ки бародаронам маро чанд гоҳ ба ин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё