Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
чоҳ партофта боз раҳм кардаанд ва ҳоло барои халосиям омадаанд. Хулоса ба ресмон часпидам ва аз шодӣ чун мург паридам. Вақте ки боло баромадам, азбаски торик буд ва нури чашмам ҳам заиф шуда буд, шахси халоскорамро нашинохтам ва ӯ ҳам ба ман дуруст диққат накарда ва аҳволамро напурсид, вақте ки ресмонро аз миёнам кушод, гуфт:
— Зудтар биё, ки ҷои истодан нест.
Ман аз паси ӯ давидам. То ба ҷое расидам, ки ду сар асп ва яроқ ҳозир буд. Он шахс маро ба як асп шинонда худаш ба дигар нишаст ва чизе нагуфта ба як тараф тохтем. То охири шаб асп рондем, дар рӯшнои он ҷавонмардро дидам, ки хеле зебо ва хушрӯй аст ва сар то по мусаллаҳ аст. Ӯ ҳам ба ман нигоҳ кард ва баногоҳ лаҷоми аспро кашиду истод ва пушти даст ба дандон газид. Баъд шамшерро кашида ба сӯям тохт ва заданӣ шуд. Ман худро аз асп ба хок партофта нолидам ва бо зориву тавалло гуфтам:
— Аввал он ҳама меҳрубонӣ ва дар охир қасди ҷонситонӣ барои чист?
Ӯ гуфт:
— Э шум, ту кистӣ ва аз куҷо ба ман вохӯрдӣ?
Ман гуфтам:
— Ғарибе мебошам, ки ҳиҷрон кашида ва захри даврон чашида...
Баъд аз ин он қадар зорӣ кардам, ки он ҷавонро ба гиря даровардам, дилаш мулоим шуда аз куштани ман даргузашт ва гуфт:
— Э фалакзада! Савор шав, ки вақти сухан кардан нест.
Худ аспашро гарми рафтан сохт ва дигар ба ман напардӯхт. Вале дар сар то сари роҳ дареғ мегуфт ва афсӯс мехӯрд. То ки дар нисфи рӯз аз асп пиёда шуд, маро ҳам фармуд, ки фуроям. Баъд, хӯрҷинҳоро аз болои аспҳо гирифта, аспҳоро ба чаро сар дод ва худаш аслиҳаро аз бар дур карда, ба рӯи сабза нишаст ва гуфт:
— Э фалакзада! Акнун аҳволатро баён кун ва кӣ буданатро фаҳмон.
Ман ҳам тамоми саргузашти худро бе каму кост гуфта додам. Саргузашти маро шунида ба ҳоли ман раҳмаш омад ва гуфт:
— Акнун ба ман гӯш деҳ! Ман духтари шоҳи ин вилоят

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё