Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

АфсонаАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Ҳастам, ки сарҳади Вазиробод аст. Дар ҳамин зиндоне, ки ту хоб мекардӣ, ҷавоне буд, Беҳрӯз ном дошт ва ӯ писари вазири падарам буд.

Як рӯз падарам фармон дода буд, ки амирзодагон дар майдони чилавхона бозиҳои сипоҳиёна ва гӯйбозӣ намоянд. Инчунин рухсат дода буд, ки аҳли ҳарам ба боми қаср баромада он ҷашнро тамошо кунанд. Бинобар он мо духтарон дар паси пардаи зарнигор нишаста будем ва аз ҳама ғамҳо раста ва дидаву дил ба тамошо баста...

Дар он ҷашн Беҳрӯз ба ҳама амирзодаҳо ғолиб омад, ӯ дар зебоӣ ва дилрабоӣ ҳам аз ҳама бартар буд. Бинобар он дилам ба муҳаббати ӯ майл намуд ва муддате ғоибона ошиқи ӯ будам. То он ки корам ба ҷону кордам ба устухон расид. Ба доя сирри диламро гуфтам ва садгуна инъом ваъда додам. Ниҳоят ӯ мададгори ман шуд ва бо ҳар роҳе, ки тавонист, кӯшиш карда он ҷавонро дар хилвати ман даровард... ҷавон ҳам ҷамоли маро дида вола ва шайдои ман гардид. Баъд аз ин чанд гоҳ мо аз ҳусну латофати ҳамдигар баҳравар будем. Вай шабҳо ба хилвати ман меомад. То он ки шабе ӯро посбонҳо дар атрофи ҳарам бо либос ва силоҳи хунрезӣ дастгир мекунанд ва аҳволро ба падарам мефаҳмонанд. Падарам ҳарчанд, ки мақсади ӯро надонист, бо вуҷуди он ӯро бо падараш ба куштан ҳукм фармуд. Лекин баъд аз шафоати вазирон онҳоро حبс кард. Ҳоло се сол аст, ки онҳо дар ҳабсанд ва ман ҳамеша пинҳони худам ба онҳо обу нон мебурдам... Дишаб фикру андеша карда, ба ҳамин қарор омадам, ки аспу аслиҳа гирифта, ҷавонро аз чоҳ бар кашам ва аз ин вилоят дур шавам. Бо ҳамин қарор берун баромада асбоби сафар тайёр кардам, зару зевар гирифтам ва ба сари чоҳ рафтам. Лекин бахти ӯ хуфта ва давлати ту бедор будааст. Хӯб, қисмат ҳамин будааст.

Духтар инро гуфту аз хӯрчин нон, мурғи бирён ва арақи бедмушк берун баровард. Ба ман шарбат рехта дод, худаш нӯшид ва нону гӯшт хӯрдем. Инчунин ба саг ҳам хӯрок дод. Баъд дар сари чашма сару рӯи маро шуста, мӯйсар ва нохунҳоямро кӯтоҳ кард ва либосҳои нав пӯшонид. Ман аз он касофат халос шуда, нафаси роҳат кашидам ва боз ба асп савор шуда ба роҳ даромадем. Баъд аз ду моҳ ба шаҳре раси-

пешина
аз 191
навбатӣ