Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Дем, ки дар миёнаи Фаранг буда номаш Вазиробод буд ва басе обод буд, ки дар таърифаш шоир гуфта:
Арӯси Исфаҳон баста нигораш, Шуда шаҳри Ҳалаб оинадораш!
Мо дар он шаҳр ҷо гирифта истиқомат кардем. Иттифоқо дар он шаҳр чанд нафар аҳли Аҷам буданд, ки ҳама обрӯю эътибор доштанд. Бо онҳо ҳамроҳ шудам ва тӯи никоҳ карда он дилбарро ба худ зан кардам. Баъд аз он сандуқчаи ҷавоҳири он нодираро дастмояи худ намуда, дӯкони ҷавоҳирфурӯшие кушодам. То се сол дар он диёр ба роҳат зиндагӣ кардам. Дар ин муддат дар байни бузургон ва аъён машҳур шудам ва баъзе савдогаронро дар таҳти фармони худ даровардам ва ба ҳама сарварӣ мекардам, рӯз ба рӯз аҳволам дар тараққӣ ва молам дар зиёдшавӣ буд. Зиндагиям бисёр нағз буд, бо он дилбари нозанин айши тамом доштам.
Як рӯз аз майдони шаҳр мегузаштам, ки мардумро ҷамъшуда дидам. Наздик рафта нигоҳ кардам ва сабаб пурсидам. Гуфтанд, ки ду нафар аҷамиро барои он ки дуздӣ ва хуни ноҳақ кардаанд, ҷазо медиҳанд. Ин хабарро шунида рӯзҳои аз саргузаронидаи худам ба ёдам расид. Бинобар он ба ҳаяҷон омадам ва пеш рафта дидам, ки ду бародари худамро ба хории тамом пову сари шикаста, дасти баста ва тани хаста ба рӯи замин мекашанд.
Ин ҳолро дида дилам пурхун шуд, тоқат накарда давидам ва як мушт динорро ба сардори мулозимони ҳоким дода, илтимос кардам, ки қасоси онҳоро андак дер монанд. Вай қабул кард. Ман давида ба хонаи ҳоким рафтам ва шафоати бародаронамро талабидам. Барои ин як дона ёқути қиматбаҳо ба ӯ тақдим кардам. Ҳоким гуфт:
– Ба бародарони ту якчанд кас даъвогар ҳастанд. Акнун лозим аст, ки даъвогаронро бо зар фирефта кунӣ. То ки онҳо аз баҳри даъвояшон гузаранд.
Пас ба савобдиди ҳоким муддаиёнро талабидам ва понсад туман дода бародаронамро халос кардам, ба ҳаммом фиристодам ва аз он ҷо ба хона бурдам. Ин дафъа занамро ба онҳо нишон надодам. Худам дар хизматашон камар бастам, ба инҳо сару либос карда дода, тарбия кардам. То як сол дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё