Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Хизмати инҳо ба хушӣ гузарондам. Баъд аз як сол, рӯзе занам аз ҳаммом баргашта, беихтиёр аз дари берун чашмбандашро аз рӯ мегирад. Иттифоқо чашми бародари хурдиам ба рӯи занам меафтад ва ошиқи ӯ мешавад. Муддате дар оташи ҳиҷрон мегузаронад. То он ки ба куштани ман қарор медиҳад ва дар ин бора ба бародари бузург дар хилват маслиҳат карда, чунин қарор медиҳанд, ки бояд сафар кунанд ва дар ягон биёбон кори маро ба анҷом расонанд.
Онҳо дар фикри куштани ман буданд, аммо ман хурсанд ва хушнудӣ мекардам, ки бародаронам аз он феълу атвори худ баргашта, одам шудаанд. Як шаб дар вақти сӯҳбат бародари бузургам ёди ватан кард. Бародари хурдиам оҳ кашид. Шаби дигар бародари хурдиам аз хубии Аҷам ҳикояте кард ва бародари бузургам гириста сар дод. Ман аз фикру андешаи бади онҳо бехабар, гуфтам, ки:
– Э бародаронам, агар шумо дар ёди ватан бошед ман ҳам дар орзуи он ҳастам. Бинобар он ғам нахӯред, ки дар ҳамин зудӣ меравем.
Чун ба хилват рафтам, ин ҳикоятро ба он хуршедталъат гуфтам. Вай ҳам қабул кард. Баъд барои хотири инҳо дар андак муддат тараддуди сафарро карда, ба роҳ даромадем. Савдогарони бисёре бо мо ҳамсафар шуданд ва маро сардори қофила қарор доданд. Як моҳ бе ҳеҷ як воқеа роҳ гаштем. Шабе дар як манзил нишаста будем, ки яке аз бародаронам гуфт:
– Агар фардо ҳам дар ин манзил истиқомат кунем, беҳтар аст. Зеро ки сайри хуше мекардем.
Ман гуфтам:
– Чӣ гуна сайр?
Ӯ гуфт:
– Мо як бор ба ин маҳал омада будем, ду-се рӯз тамошо кардем. Дар ин ҷо чаманзор ва сарчашмаҳои пургулу лола бисёр аст. Тақрибан дар як фарсах дуртар аз ин ҷо рӯдхонаи азиме ҳаст, ки обаш монанди зулол соф аст...
Гуфтам:
– Агар майли шумо дар истодан бошад, фардо ҳаракат намекунем.
Ба қофила фармон дода шуд, ки фардо накӯчад ва фармудам, ки барои чошт таоме муҳайё созанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё