Зеҳн
Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ман чун кабутарам,
Ҳастӣ ту болу пар.
Эй сарпарасти ман,
Ҳасти қафасти ман.
Ҳамроҳу ҳамнафас,
Дар ҳар шикасти ман.
Танҳо наям дигар,
Дар ҷодаи ҳаёт.
Хуш омади биё,
Эй ишқи босубот.
Ту ёвари манӣ,
Ту дилбари манӣ.
Эй меҳри покзод,
Ту сарвари манӣ.
Гарчанд, ки дер шуд,
Дил аз ту сер шуд.
Хуш омадӣ, биё,
Толеъ далер шуд.
Июли соли 2006

Манмо такаббур
Такаббур одати шайтон бошад,
Такаббур хислати дунон бошад.
Касе гар заррае дорад ғуруре,
Бидон нодонтарин нодон бошад.
Чаро охир такаббур менамоӣ?
Тавозуъро зи худ дур менамоӣ?
Бидон роҳи такаббур пур зи хор аст,
Ва ҷояш охирин дар қаъри нор аст.
Ғурурро офатон андар камин аст,
Чаро ки аспи ҷаҳлаш зери зин аст.

пешина
аз 75
навбатӣ