Зеҳн
Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Тавозуъпеша бош гар дорӣ ақле,
Ки мебошад такаббур кори ҷаҳле.
Тавозуъ қисмати имон бошад,
Писанди халқу ҳам Раҳмон бошад.
Сарат сояд ба осмон аз такаббур,
Ту ҷуз гиле наӣ нодони мағрур.
Ту аз як қатра об гардидӣ эҳё,
Ба дил кибрат чӣ сон гардид муҳаё?
Кифоят мекунад панди ту Маҳфўз,
Ҳар он касро, ки фарқ созад шабу рўз.
Майи соли 2000

Фарзонафарзанди миллат
Ба раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олӣ Сайдулло Хайруллоев
Ман намедонам чӣ сон тасвир намоям бо сухан,
Фазлу ору нангу номуси туро эй ҳамватан.
Эй уқобе аз фазои куҳсорони баланд,
Эй таҳамтанмрди бономуси мушкилнопасанд.
Дар змоне ки бародар бо бародар дар гирифт,
Дар замоне халқ зидди ҳамдигар сангар гирифт.
Саҳми боризе гузошти дар салоҳи тоҷикон,
Беғараз бо гуши дил бишнида оҳи тоҷикон.
Волии Раштон таъин гардида дар он рўзҳо,
Байни хуну обу оташ мондаи бо сўзҳо.
Хидмати халқу ватан кардию гашти сарфароз,
То абад эмин бимонӣ дар паноҳи бениёз.
Қатраҳоро ҷамъ овардед то дарё шаванд,
Зарраҳоро ҷамъ овардед то паҳно шаванд.
Дўстии тоҷикон поянда бодо то абад,
Офтоби бахташон тобанда бодо то абад.

пешина
аз 75
навбатӣ