Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

НаврасонАфсонаКӯдакон
Аз аввал хондан

пои кавш менамояд. Онро аз об берун бароварду шинохт, ки аз ҳамон духтари аспсавори париваш аст. Шаҳзода зуд ба қаср омада, ба падару модараш гуфт, ки ҳамин кавш ба пои касе муносиб бошад, ман ҳамонро мегирам. Кавшро гирифта тамоми кишварро гаштанд. Ба пои касе рост наомад. Навбат ба хонаи ҳамон марди камбағал расид. Дарро тақ-тақ карда, сабаби омаданашонро гуфтанд. Моиндар «ҳозир» гуфту зуд ба ҳавлӣ даромада, Маҳтобро ба танӯр маҳкам кард. Духтари худашро овард. Кавш ба пои вай мувофиқ наомад. Зуд чанд ангушти пои духтарашро бурида, кавшро тела дод. Боз ҳам нашуд. Хизматгорони подшоҳ ҳамин ки аз дарвоза мебаромаданд, ногоҳ мусичаҳо садо бароварданд: «ку-куку, дар танӯр, ку-ку-ку, дар танӯр». Онҳо ҳайрон шуда баргаштанд. Яке аз онҳо сарпӯши танӯрро бардошта дид, ки дар даруни танӯр як духтари зебое аст. Ӯро бароварда, кавшро пӯшониданд, ки ҷо ба ҷо.

Шаҳзода аз пайдо кардани Маҳтоб шод шуду хостгор фиристод. Зуд тӯй сар шуд. Рӯзи никоҳ моиндар гӯштбирёни шӯр пухта, Маҳтобро маҷбуран хӯронд. Бо аробаи шоҳона арӯсро савор карда, бо тантана ба хонаи шаҳзода бурданд.
Моиндару Чаҳтоб ҳам дар ароба. Чун одат падари духтар дар хона монд. Нисфи роҳ рафта буданд, ки Маҳтоб мегӯяд:
— Оча, сахт ташна мондам.

Моиндар як чашми Маҳтобро канда об дод.
Духтар аз ташнагӣ боз бетоқату шуду «об диҳед» гуфт. Моиндар чашми дигарашро канда

пешина
аз 264
навбатӣ