Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

НаврасонАфсонаКӯдакон
Аз аввал хондан

онҳоро ба бозор бурда мефурӯхт. Бахти чӯпон хандиду рамаву галаш зиёд шуд.

Як рӯз бибиҳои фаришта ба хоби Маҳтоб даромада, машварат доданд, ки агар чӯпон як пӯстакчаи хушрӯякеро ба бозор бурда гӯяд, ки ба ду гавҳар мефурӯшам, моиндарат ба бозор меояду мегӯяд, ки ду гавҳар не, ду чашм медиҳам. Ба чӯпон гӯй, ки ба ҳамон ду чашм иваз кунад. Баъд чашмро оварда ба чашмонат гузору ҳамон дастрӯймолро як шаб ба болои чашмат гузор, чашмат равшан мешавад.

Маҳтоб ҳар чӣ дар хоб дид, амал кард. Чӯпон рӯзе як пӯсти хеле рангоранги хушдӯхтро ба бозор бурд. Аз қазо моиндар омаду ба ҳамон ду чашм иваз кард. Чашмҳоро оварда ба чашми Маҳтоб гузошт, ки ҷояшро гирифт. Маҳтоб ҳамон дастрӯймолчаро ба болои чашмонаш гузошта чанд соат хоб кард, ки бино шуд. Чӯпон пас аз муддате ҳам соҳиби фарзанд, ҳам соҳиби сарват шудааст.

Шаҳзода зиқ буд. Чунки занаш он моҳлиқои
аспсавору кавшгумкарда нест. Шабҳо андеша
мекарду намедонист, ки чӣ кор кунад. Рӯзе тани
танҳо, аспсавор бо либоси фақирона ба шикор
мебарояд. Ногоҳ мебинад, ки гурге шикори рама
дорад. Ба вай тир мекушояд. Гург дар ҷояш мемурад. Чӯпони рама мебинад, ки шикорчие рамаи ӯро аз гург наҷот медиҳад. Давида омада
ташаккур гуфта, ӯро ба хонааш мебарад. Шаҳзода, ҳамин ки ба ҳавлии чӯпон медарояд, чашмаш
ба он духтари моҳпайкар меафтаду ҳайрон мешавад. Дар дил мегӯяд, ки ин ҳамон аст. Чӯпон, ки

144

пешина
аз 264
навбатӣ