Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

НаврасонАфсонаКӯдакон
Аз аввал хондан

Марди содаю самикӣ буд, ҳамаи воқеаро ба шаҳзода мегӯяд. Маҳтоб ҳам шаҳзодаро мешиносад. Шаҳзода зуд ба хонаи чӯпон хостгор фиристода, Маҳтобро тӯй карда ба хонааш меорад. Шаби аввал Маҳтоб тамоми саргузашти худро ба шаҳзода ҳикоят мекунад. Инро шунида шаҳзода ангушти ҳайрат мегазаду зуд ду аспи модаву ду аспи нар мехоҳад. Ба думи аспҳои мода духтару модарро баста, аспҳои нарро аз пушти он сар медиҳад. Аспҳо давиданд, духтару модари хиёнаткор лахта-лахта шуда мемуранд.

Зиндагии хуб шурӯъ шуд. Як пагоҳӣ Маҳтоб оби дида мекунад. Шаҳзода пурсон мешавад:

  • Чаро ашк мерезӣ?
    Маҳтоб мегӯяд:
  • Падарам ба ёдам омад, намедонам, ки аҳволаш чӣ шуда бошад?

Шаҳзода зуд аспу ароба гирифта, ҳамроҳи Маҳтоб деҳаи падари духтар меравад. Падарро пайдо мекунанд. Бечора кӯр шудааст. Маҳтоб ба ёди он фариштаҳо дастрӯймолашро ба даст гирифта, ба чашмони падар мемолад. Чашмонаш бино мешаванд. Падарро ба он ароба савор карда бо худ мебарад. Пас аз нуҳ моҳу нуҳ рӯзу нуҳ соат Маҳтоб писаре таваллуд мекунад. Шаҳзода тӯю тамошоро сар карда, кишварро оши палав медиҳад. Ана, ҳамин тавр баъди ин қадар мушкилиҳо ҳар ду ба муроду мақсад мерасанд, шумо ҳам бирасед.

пешина
аз 264
навбатӣ